Тайетоми Хидзеси
ҷопонӣ: 豊臣秀吉 | |
Таърихи таваллуд | 17 март 1537 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 сентябр 1598[1][2][3] (61 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор, фармондеҳи низомӣ, ashigaru |
Падар | Kinoshita Yaemon[d] |
Модар | Ōmandokoro[d] |
Ҳамсар | Nene[d], Yodo-dono[d], Kyōgoku Tatsuko[d], Kai-hime[d], Kōnomae[d], Minami Dono[d], Minami no Tsubone[d], Maa-hime[d], Himeji Dono[d], Hirosawa no Tsubone[d], Getsukei'in[d], En'yū-in[d] ва Sanjō-dono[d] |
Фарзанд | Toyotomi Hideyori[d], Toyotomi Tsurumatsu[d] ва Hashiba Hidekatsu[d] |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Тайетоми Хидзеси (23 январи 1536 — 18 сентябри 1598) — лашкаркаш ва сиёсатмадори ҷопонӣ, ӯ аслан деҳқон буда, дар лашкари Ода Набунага ҳамчун аскар хидмат мекард.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Ода Набунага ӯ аз 66 музофот танҳо 30 музофоти Ҷопонро ба зери итоати худ дароварда буд. Баъд аз вафоташ ҳокимият ба ҳамсафи ӯ Тайетоми Хидзеси гузашт.
Хидзеси кори Набунагиро идома дод. Ба ӯ муяссар шуд, ки ба истиқлоли ҷазираҳои Сикоку ва Кюсю хотима бахшида, баъд бомуваффақият ба шимоли мамлакат - ба ҷазираи Хонсю лашкар кашад. Хидзеси дар он ҷо барои бунёди шаҳри Осака санги аввалинро гузошт, ки он баъдтар ба бандари калонтарини Ҷопон табдил ёфт.
Лашкаркашии Хидзеси ба Корея
[вироиш | вироиши манбаъ]Хидзеси дар назди худ вазифа гузошт, ки Корея, Манҷурия, Тайван ва ҷазираҳои филиппинро ишғол намуда, баъд ба забти Чин шурӯъ кунад. Барои ҳамин ӯ дар тӯли якчанд сол лашкари 300-ҳазорнафараи дорои флоти пурзӯрро ташкил намуда, баҳори соли 1592 ба Корея лашкар кашид. Ҳукумати Корея борои рафъи таҷовузи Ҷопон тайёр набуд. Лашкари Корея дере нагузашта, дар наздики шаҳри Сеул торумор карда шуд. Имлератор ва дигар ҳукуматдорон аз пойтахт фирор карданд. Чин Кореяи тобеи худро пуштибонӣ карда натавонист.
Халқи беҳукуматмондаи Корея ба ҳаракати партизанӣ оғоз намуд. Онҳо ба дастаҳои артиши дар маҳалҳо парокандабуда ҳамроҳ шуда, пеши роҳи истилогаронро гирифтанд. Ба ин қувваи муштарак сарфармондеҳи флоти Корея Ли Сун Син роҳбарӣ мекард. Ӯ ба артиши истилогарони Ҷопон чандин маротиба паси ҳам зарба зад. Флоти Ҷопон шикаст хӯрд. Артиши Чин ҳам ба ёрии кореягиҳо омад. Душман ба муқобилати артиши муттаҳидаи Кореяю Чин тоб овара натавониста, ақибнишинӣ кард. Шаҳри Сеул аз истилогарон озод карда шуд. Вале ин вақт фармондеҳи артиши муттаҳида аз фаъолии халқ тарсида, бо императори Ҷопон Хидзеси гуфтушунидро оғоз кард. Ба муқобили Ли Сун Син дасисаҳо низ оғоз ёфтанд. Ӯ ҳатто аз вазифааш сабукдӯш карда шуд. Вале лашкарҳои Кореяю Чин аз Ҷопониҳо сахт шикаст хӯрданд. Барои ҳамин император маҷбур шуд, ки Ли Сун Синро аз нав сарфармондеҳи лашкар таъйин кунад. Қӯшунҳои муттаҳидаи Чину Корея аввал дар наздикии Сеул ва баъд дар наздикии Норянчжина лашкарҳои Ҷопонро шикаст дод.
Соли 1614 вориси тахту тоҷи Хидзеси - Иеясу Токугава бо Корея ва Чин дар бораи ба Корея даъвогар набудани Ҷопон созишнома имзо кард. Ҳамин тариқ, нақшаи император Хидзеси амалӣ нагардид.
Соли 1598 дар Ҷопон ҳокимият ба дасти ҳамсафи Хидзеси - Иеясу Токугава мегузарад.[4]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Kuwata T. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Elisonas J. Toyotomi Hideyoshi (ингл.) // Grove Art Online / J. Turner — [Oxford, England], Houndmills, Basingstoke, England, New York: OUP, 2018. — doi:10.1093/GAO/9781884446054.ARTICLE.T085944
- ↑ ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАҲИДАИ ҶОПОН, с. 170-171
Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 17 март
- Зодагони соли 1537
- Зодагони Ҷопон
- Даргузаштагони 18 сентябр
- Даргузаштагони соли 1598
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Саҳифаҳои дорои модули Hatnote бо пайванди нахонда
- Мақолаҳои нопурра аз таърих
- Таърих
- Жопун