Озмоишгоҳи микробиологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Озмоишгоҳи микробиология дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2005 таъсис дода шудааст. Сарварии озмоишгоҳро доктори илмҳои ветеринарӣ, академики АИКТ И. Сатторӣ ба уҳда доранд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳ истеҳсоли доруҳои ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти озмоишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маводҳои озмоишгоҳ аз ашёи хоми дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда истеҳсол шуда, барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои чорво ва зироатҳои кишоварзӣ истифода мешаванд ва метавонанд маводҳои кимёвиеро, ки аз хориҷи кишвар бо нархи гарон меоянд, ба пуррагӣ иваз намоянд. Озмоишгоҳ бо кадрҳои соҳавӣ пурра таъмин мебошад, аз он ҷумла 3 доктори илм, 5 номзади илм ва 7 нафар аспирант пурсамар тадқиқотҳои илмиро аз рӯи 2 мавзӯъ бурда истодаанд. Олимони озмоишгоҳ бо олимони ДДМ, ДДТ , Институти физиологияи рустанӣ ва генетика, Пажӯҳишгоҳи ветеринарӣ ва Институти илмию истеҳсолии маводҳои ветеринарии АИКТ ҳамкории зич доранд. Зиёда аз 6 тарҳрезиҳои илмии олимони озмоишгоҳ дар 12 хоҷагиҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодаанд. Натиҷаҳои санҷиш нишон медиҳанд, ки самаранокии доруҳо ва тавсияномаҳо барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳайвонот ва зироатҳои кишоварзӣ самаранок аст. Инчунин дар пойгоҳи озмоишгоҳ машғулиятҳои амалӣозмоишгоҳии фанҳои микробиология ва вирусология барои донишҷӯёни факул таҳои тибби ветеринарӣ, зооинжинерӣ ва агрономӣ гузаронида мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]