Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дон дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2006 бо дастгирии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон , ки аз тарафи Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Шветсия (SIDA) маблағгузорӣ мегардад, сохта ба истифода дода шуд. .
Фаъолияти озмоишгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Озмоишгоҳ иборат аз 2 бахш, бахши аввал барои омӯхтани сифати тухмии кулли зироатҳои кишоварзӣ бахусус ғалладонагӣ, бахши дуввум барои омӯзиши касалиҳои фитопотологии зироатҳои ғалладонагӣ ва барангезандаҳои он равона гардидааст. Озмоишгоҳ бо дастгоҳҳои замонавии ташхиси сифати тухмӣ ва касалиҳои он ҷиҳозонида шудааст. Дар озмоишгоҳ як қатор санҷишҳои лабораторию ҳисобкуниҳои амалӣ марбут ба тухмӣ ва сифати он, ки барои агроном ва дигар мутахассисони тавъам ба он донистан зарур аст, гузаронида мешавад. Ҳисобкуниҳо аз қабили муайян намудани вазни 1000 дона тухмии зироатҳои мухталиф, муайян кардани меъёри тухмии киштшавандаи зироатҳо, меъёр ва нақшаи шинонидани лӯндаҳои картошка, муайян кардани миқдори зарурии қаламчаҳо барои кишт ва санҷишҳои лаборатории тозагии тухмӣ, қобилияти сабзиш, қувваи сабзиш, шаффофият, тозагии навъ, дараҷаи пуррашавии дон, лаёқати киштбобии тухмӣ, ширанокии дон ва амсоли ин баҳо дода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |