Озмоишгоҳи харитасозии рақамии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Озмоишгоҳи харитасозии рақамӣ дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2009 бо дастгирии лоиҳаи "ТЕМПУС-2008" - и Комиссиони Аврупо кушода шуд ва яке аз аввалин озмоишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо чунин шакл сохта шудаасту дигар намунааш нест. Вазифаи мудириаш ба уҳдаи омӯзгори калони кафедраи "Танзими замин" Мирзоев О. гузошта шудааст.

Фаъолияти озмоишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин озмоишгоҳ бо 10 компютери пуриқтидори ҳозиразамон, дастгоҳи чопии ранга, дастгоҳи нусхабардорӣ, дастгоҳи чопии харитаҳои форматиА 1 муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар ин компютерҳо барномаи фотограмметрии "Геоматика" насб карда шудааст. Ба воситаи ин барномаҳои компютерӣ имконияти сохтани харитаҳои рақамӣ пайдо мешавад. Инчунин, натиҷаи аксбардориҳои ҳавопаймоӣ ва аксбардориҳои радифи маснуӣ (спутниковые съемки) дар чунин барномаҳои компютерӣ коркард шуда, ба харитаҳои рақамӣ табдил дода мешаванд. Аксҳои радифи маснуӣ, ки дар асоси он харитаҳои рақамиро тартиб додаанд дар соҳаи кишоварзӣ, ҷангал, мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, экология васеъ истифода бурда мешаванд. Харитаҳои рақамиро на танҳо дар кишоварзӣ , балки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ истифода мебаранд. Дар айни замон фисади ками майдонҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурии мо дар намуди харитаҳои рақамӣ ифода карда шудаанд. Гузаштан ба технологияи нави харитасозӣ имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд майдонҳои кишоварзӣ ва ғайра дар асоси аксбардориҳои гуногун дар намуди харитаҳои рақамӣ ифода карда шаванд, маълумот дар бораи инфраструктураи дар онҳо мавҷуд буда сари вақт иваз карда мешавад. Тайёр намудани мутахассисон дар ин сатҳ кафолат медиҳад, ки онҳо дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ бо дигарон рақобатпазир бошанд. Озмоишгоҳи мазкур дар раванди машғулиятҳои амалӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамчун пойгоҳи боэътимоди замонавӣ истифода бурда мешавад.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]