Оиша Абдулазизова
Оиша Ҳаётова | |
|---|---|
| Оиша Абдулазизова | |
| Таърихи таваллуд: | 4 август 1921 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 2012 |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Касб: | ҳунарпешаи театр |
| Ҷоизаҳо: | |
Оиша Абдулазизова (Ҳаётова; 4 август 1921, Самарқанд, ҶМШС Туркистон — 2012, Исроил) — ҳунарпешаи тетар, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1979).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияташро аз ҳаждаҳсолагӣ дар муассисаҳои мадании ш. Самарқанд шурӯъ намуда, соли 1949 ба Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ даъват шуд ва беш аз чор даҳсола дар ин боргоҳи бузурги санъат ҳунар озмуд. Характерҳои офаридааш хотирнишин мебаромаданд, бо меҳнати зиёд таносуби образро ба даст меовард. Хоса нақшҳои мазҳакавиро бо маҳорати баланд иҷро мекард. «Дил-дили Зайнаб», «Одами милтиқдор», «Сӯзании шоҳӣ», «Камбағалӣ айб нест», «Хизматгори ду хоҷа», «Корвони бахт», «Беватан», «Фармони Кадушоҳ», «Садо аз тобут», «Бой ва хизматгор», «Ҷон модаракон», «Сароби хунин» аз зумраи қариб шаст намоишномаанд, ки номбурда пайи дасташро гузоштааст. Дар саҳнаю спектаклҳои телевизионӣ низ аз ҳунараш истифода бурдаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 4 август
- Зодагони соли 1921
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони соли 2012
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ