Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Олег Гончаренко

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олег Гончаренко
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус Конкибозӣ[1][2]
Зодрӯз 18 августи 1931(1931-08-18)[3][4]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 декабри 1986(1986-12-16)[4] (55 сол)
Маҳалли даргузашт
 Парвандаҳо дар Викианбор

Олег Георгиевич Гончаренко (18 августи 1931[3][4], Харкив[3] — 16 декабри 1986[4], Маскав[4]) — конкитоз ва мураббии украинӣ. Устоди хидматнишондодаи варзишии ИҶШС (1953).

Дар дастаҳои «Динамо»-и Харков ва «Динамо»-и Маскав ҳунарнамоӣ кардааст. Чемпиони ИҶШС (1956, 1958 — дар чандҳарба; 1956 — дар масофаҳои 5000 м; 1954, 1956 — дар масофаи 10000 м), ноиб-чемпиони ИҶШС (1953, 1954, 1957, 1960) ва барандаи ҷои севвуми чемпионати ИҶШС (1951, 1954, 1957). Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ (1956) дар масофаҳои 5000 ва 10000 м. Чемпиони ҷаҳон (1953, 1956, 1958) ва ноиб-чемпиони ҷаҳон (1954, 1955) дар бисёрҳарба. Чемпион (1957, 1958) ва ноиб-чемпиони Аврупо (1955) дар бисёрҳарба. Муаллифи китоби «Достони конкиҳо» (1985). Бо ордени Ленин сарфароз гардидааст

  1. ↑ https://www.speedskatingnews.info/skater/oleg-gontsjarenko
  2. ↑ SpeedSkatingStats (ингл.)
  3. 1 2 3 4 Гончаренко Олег Георгиевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  4. 1 2 3 4 5 6 Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480