Jump to content

Олия Қаландарова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олия Қаландарова
Олия Искандаровна Қаландарова
Таърихи таваллуд 1982(1982)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Олия Искандаровна Қаландарова (тав. 1982) – муаррих, номзади илмҳои таърих.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Олия Қаландарова хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1993). Пас аз хатми донишгоҳ ба вазифаи лаборанти калони шуъбаи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз соли 2013 то имрӯз - корманди илмии шуъбаи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Соли 2021 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои таърих дар мавзӯи «Семантикаи сужаҳои ороишоти заргарӣ дар Бохтар - Тахористон ва Суғд» дифоъ кардааст.

Таваҷҷуҳи илмиаш ба омӯзиши ҷавоҳироти Бохтар - Таҳористон ва Суғд нигаронида шудааст. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои семантикаи маснуоти заргарӣ мебошад. Бо маърӯзаҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.[1]

  1. Олия Искандаровна Қаландарова(тоҷ.). institute-history.tj (2023). 24 августи 2023 санҷида шуд.