Олучаи дарвозӣ
Зоҳир
Олучаи дарвозӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Prunus sect. Prunus.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
|
Олучаи дарвозӣ (лот. Prunus darvasica) — буттаи мевадорест, ки ки бумии Тоҷикистон аст ва то 1,5—2,5 метр қад мекашад.
Баргаш байзашакл ё нештаршакл (дарозиаш 5—6 сантиметр), гулаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,5—1,8 сантиметр), мевааш (2,8—3,5 грамм) мудаввар, сиёҳтоб, пӯсташ ғафси, дурушт, сершира, таъмаш нордон, донакаш гирда ё тухмшакл (дарозиаш 1,—1,5 сантиметр). Мохи апрел гул мекунад; мевааш июл — август мепазад. Хоси Осиёи Миёна (Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой) аст. Дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Хисору Дарвоз (1000—1400 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Аз мевааш мураббо, рубъ (повидло) ва компот тайёр кардан мумкин аст (то 6,35 % қанд дорад).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Doklady Akademii Nauk Tadzhikskoi, Dokladhoi Akademiâi fanhoi RSS točikistoi (рус.) — 1956. — ISSN 0002-3469
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Олуча // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).