Ордбезон
Зоҳир
Ордбезон, сурфакушоён - Яке аз маросимҳои занонаи таркиби ҷашни арӯсии мардуми тоҷик.
Он одатан дар арафаи ҷашни арӯсӣ дар манзили духтардор баргузор мегардад. Дар ноҳияҳои водии Ҳисор ордбезонро пеш аз хатнасур низ барпо мекунанд. Занҳои маҳалла бо даъвати тӯйдор як-ду рӯз пеш аз тӯйи калон ҷамъ омада, миқдори муайяни ордро бехта, хамир карда нону кулчаи тӯѐна мепазанд. Ҳангоми ордбезӣ бонувон доира навохта, рақсу бозӣ мекунанд. Занон инчунин байни худ бо ҳазлу шӯхӣ ордпошӣ намуда, сару рӯи якдигарро сафед месозанд.[1][2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 57
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)