Jump to content

Оромгоҳи Бобоқосим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Оромгоҳи Бобоқосим
Нигора
Image of interior
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ District 3[d][1][2]
Маводди созанда adobe[d][3], хишт[2][3][4], Гач[4] ва tile[d][2][3][4]
Сабки меъморӣ меъмории элхонӣ[d][2][3][4] ва Safavid architecture[d][2][3][4]
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 1341[2][3][4], 1635[2][4] ва 1880[3]
Навъи асари бостонӣ Iranian National Heritage[d][1][2]
Шаклаш octagon[d][2][3][4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бобоқосим (форсӣ: آرامگاه باباقاسم‎‎) — мақбара, зиёратгоҳ дар Исфаҳон.

Қабри Муҳаммад Бобоқосими Исфаҳонӣ, орифи садаи XIV. Соли 1324/25 яке аз муридонаш ба номи Хоҷа Саййидуддин Сулаймон ибни Шарифуддин Абиҳасан ибни Толути Домғонӣ барои вай мадрасае бино кард, ки бо номи «Имомия» низ шуҳрат дорад. Бобоқосим баъди вафоташ дар наздикии ҳамин мадраса дафн шуд ва ҳамон шогирдаш с. 1340/41 хонае бар мазори Бобоқосим бино кард, ки аз ёдгорҳои пурарзиши Эрон ба ҳисоб меравад. Бино дар рӯйи як чаҳоргӯшае қарор дорад ва пӯшиши дохили он ба сурати гунбади нимкуравӣ аст. Дар сақфи хиштии мақбара тарҳи ситораи ҳаштпари бузурге дида мешавад, ки 8 ситораи хурдро дар маркази гунбад дар бар гирифтааст. Намои берунии гунбад аз ҳарами 8-тарка иборат аст, ки ба рӯйи як гардании ҳаштгӯша қарор гирифтааст. Дар намои мақбара таркибе аз хишткорӣ ва кошикорӣ ба кор рафтааст. Катибаи болои дарро соли 1644 Муҳаммадризо Имомӣ дар давраи сафавиён бо хатти сулс навишта, номи Оқо Замонро, ки дар таъмири гунбад ширкат намуда буд, зикр кардааст. Намои иморат кошикорӣ шудааст. Чанд катиба дар намои деворҳои дохилӣ ва берунии мақбара вуҷуд дорад, ки таърихи бино ва номи усторо зикр кардаанд. Аз нуктаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ дар ин бино, ки аз осори пешин фарқ дорад, истифодаи ранги сиёҳ дар канори рангҳои сафед ва обии равшан ва лоҷвардию қаҳварангӣ мебошад.

  • دونالد نیوتن ویلبر، معماری اسلامی ایران در دورۀ ایلخانان، ترجمۀ عبدالله فریار، تهران، ۱۳۶۵ ش؛
  • آندره گدار، و دیگران، آثار ایران، ترجمۀ ابوالحسن سروقد مقدّم، تهران، ۱۳۶۵ – ۱۳۶۸؛
  • لطف اللههنرفر، گنجینۀ آثار تاریخی اصفهان، اصفهان،۱۳۴۴، ش.