Орҳан Бийиклӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Орҳан Бийиклӣ
тур. Orhan Bıyıklı
Ном ба ҳангоми таваллуд: Orhan Bıyıklı
Таърихи таваллуд: 26 октябр 1985(1985-10-26) (38 сол)
Зодгоҳ: Измит, Коҷаелӣ, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2000 – 2018
IMDb: ID 5198301

Орҳан Бийиклӣ (тур. Orhan Bıyıklı; тав. 26 октябр 1985, Измит, Коҷаелӣ, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк[1]. Ӯ бештар дар силсилафилмҳо ҳунарнамоӣ мекунад. Орҳан солҳои аввали фаъолияти худ дар нақшҳои хурд иштирок намудааст[2].

Ӯро дар Тоҷикистон иҷрои нақши Йигит дар силсилафилми бисёрсериягии Ҳомиён (тур. Kollama 2008—2011) муаррифӣ намуд, ки пас аз хотимаи филми мазкур ӯ бо дигар қаҳрамонҳои сериол: Айчин Туйюн, Меҳмет Озгур, Эртан Килич ва Усмон Кот, соли 2011 ба Душанбе сафар намуданд. Ӯро дар Тоҷикистон бо номи қаҳрамони филм Йигит мешиносанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Орҳан Бийиклӣ 26 октябри соли 1985 дар Измит таваллуд шудааст. Номи падари ӯ Азиз Бийиклӣ мебошад. Онҳо дар оила 7 бародар мебошанд[3]. Ӯ мактаби миёнаи Намик Камолро хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ӯ ба ҳунару театр завқ пайдо намуда, дар театри мактаб кор кардааст. Пас аз хатми мактаб ӯ дар театрҳои шаҳри Коҷаелӣ фаъолияти хешро оғоз кард. Орҳан дар Консерваторияи миллии Донишгоҳи Истанбул[4].

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Орҳан фаъолияти ҳунарияшро дар силсилафилмҳо дар нақшҳои хурд оғоз намудааст.

Соли 2002 ӯ дар силсилафилми телевизионии коргардон Тонер Тунч «Дунёи асрор», нақши хурдакакеро бозидааст. Солҳои 2003—2007 ӯ нақшҳои хурдро иҷро мекард, ки соли 2007 ӯро ба силсилафилми 134 қисмаи шабакаи Samanyolu TV, «Ҳомиён» (Kollama), дар нақши асосии Йигит даъват намуданд. Қаҳрамони ӯ Йигит саркомисари шуъбаи полис тасвир мекунад, ӯ хело ҷасуру нотарс буда барои ҳифзи Ватан саъйу кӯшиш мекунад. Ин силсилафилм дар Осиёи Миёна махсусан дар Тоҷикистон хело машҳур шуд. Дар силсилафилм инчунин ҳунарпешаҳо Меҳмет Озтурк, Ашраф Колчак, Алӣ Башар, Айчин Туйюн, Эртан Килич ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд.

Соли 2012 низ бо чунин хислат дар силсилафилми «Садоқат» нақши Орифро бозидааст.

Ӯ 8 июли соли 2017 раиси лигаи якуми ҳаводорони «Bağdatspor» дар Измит интихоб шуд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Орҳан бо Бурҷу Бийиклӣ оиладор буда, соҳиби духтаре мебошанд[1][2]. Ӯ дар маркази Коҷаелӣ дукони қаннодӣ дорад[5].

Нақшҳои театрӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Temizlik İşleri, 2015
  • Kim Geldi Biliyorum, 2011
  • Macbeth
  • Cimri
  • Gözlerimi Kaparım Vazifemi Yaparım
  • Bahar Noktası
  • Köprüden Görünüş
  • Ay Işığında Şamata

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Силсилафилм
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2018 Gökyüzümü Çaldilar Нақши асосӣ
2014 Küçük Gelin
2014 Водии гургон: Дом (Kurtlar Vadisi Pusu) Мавсими 8
2012-2015 Садоқат (Ekip 1:Nizama Adanmis Ruhlar) Ориф
2011 Şefkat Tepe
2009 Ömre bedel Бакир Нақши хурд
2008 Ҳомиён (Kollama) Йигит Нақши асосӣ
2008 İyilik Kervanı Йигит
2008 Küçük Kadınlar Раҷаб
2005 Beşinci Boyut Фотеҳ Исмоил Нақши хурд
2004 Arapsaçı
2004 Büyük Buluşma Йилмаз/Онур
2003 Hayat bilgisi
2002 Дунёи асрор (Sırlar Dünyası) Исмоил
Филм
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2015 Manda yuvasi
2011 Hop Dedik: Deli Dumrul Алперен
2010 Bekle Beni Лейтенант Милош

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]