Освалдо Дортикос Торрадо
исп. Osvaldo Dorticós Torrado | |
| |
18 июл 1959 — 2 декабр 1976 | |
Пешгузашта | Manuel Urrutia Lleó[d] |
Ҷонишин | Фидел Кастро |
|
|
Таваллуд |
17 апрел 1919[1] |
Даргузашт |
23 июн 1983[2][3] (64 сол) |
Мадфан | |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Освалдо Дортикос Торрадо ( исп. Osvaldo Dorticos Torrado ; 17 апрели соли 1919 — 23 июни соли 1983 ) — ходими сиёсй ва давлатии Куба, президенти чордаҳуми Куба, аъзои Шӯрои давлатии Куба ( 1976 ), аъзои котиботи рохбарияти миллии Ҳизби ягонаи инқилобии сотсиалистии Куба ( 1962 ), аъзои КМ. Ҳизби коммунистии Куба . Доктори фахрии илми ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав .
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ 17 апрели соли 1919 дар оилаи сарватманд дар шаҳри Сиенфуэгос таваллуд шудааст. Вай дар зодгоҳаш дар мактаби иезуитхо хондааст. Фаъолияти сиёсии худро дар синни 16-солагӣ дар ҷунбиши донишҷӯёни чап оғоз карда, баъдан дар сафи Ҳизби сотсиалистии халқ буд.
Муддате Дортикос ба ҳайси муаллим кор кард, сипас дар Донишгоҳи Гавана ҳуқуқ ва фалсафаро омӯхт. Маълумоти олиро соли 1941 гирифт. Дар солҳои 1950-ум, ӯ дар Сиенфуэгос (Cienfuegos) таҷрибаи ҳуқуқии худро дошт.
Дар рафти муборизаи зидди диктатура Фулхенсио Батиста ба ҳаракати инқилобй дохил шуд. Соли 1948 ба сафи Ҳизби коммунистии Куба дохил шуд.
Вай дар давраи шуриши 5 сентябри соли 1957 координатори «Харакати 26 июл» дар зодгоҳаш буд. Дар охири соли 1958, ӯ боздошт ва аз кишвар бадарға шуд, ӯ дар бадарға дар Мексика буд,.
Баъди галабаи инқилоби Куба дар соли 1959 вай ба вазорати конунияти инқилобӣ рохбарӣ мекард. Аз 18 июли соли 1959 то 2 декабри соли 1976 дар вазифаи президенти Ҷумҳурии Куба кор кардааст. Аз марти соли 1962 — аъзои котиботи рохбарияти миллии Ҳизби ягонаи инқилобии сотсиалистии Куба. Аз декабри соли 1976 — аъзои Шӯрои давлатии Куба.
Ӯ худкушӣ кард (худро тир зад), марги ҳамсарашро тоқат карда натавонист [4] [5] . Ӯро дар Гавана дар қабристони Колон ба хок супурданд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ бо Мария де ла Каридад Молина-и-Суарес де Виллар издивоҷ карда буд. Вай соли 1982 даргузашт [6] .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Дортикос Торрадо Освальдо // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ Osvaldo Dorticós, ex presidente de Cuba, se suicidó de un disparo, in: El País vom 25. Juni 1983, abgerufen am 14. Dezember 2012(исп.)
- ↑ OSVALDO DORTICOS, AN EX-PRESIDENT AND AIDE TO CASTRO, KILLS HIMSELF(англ.)
- ↑ Освальдо Дортікос
- Отеро, Хуан Хоакин (1954). Libro De Cuba, Enciclopedia Una Ilustrada Que Abarca Las Artes, Las Letras, Las Ciencias, La Economia, La Politica, La Historia, La Docencia, Y El Progreso General De La Nacion Cubana - Edicion Memorative del Cincuentenario de la Republica de Куба, 1902-1952(исп.)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Освалдо Дортикос Торрадо(исп.)
- Президентҳои Куба. Освалдо Дортикос Торрадо (испанӣ)
- Освалдо Дортикос Торрадо(исп.)
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 17 апрел
- Зодагони соли 1919
- Зодагони Куба
- Даргузаштагони 23 июн
- Даргузаштагони соли 1983
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Президентҳои Куба