Jump to content

Че Гевара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эрнесто Че Гевара
Ernesto Guevara
11 феврал 1961 — 1 апрел 1965

Таваллуд 14 июн 1928(1928-06-14)[1][2][3][…]
Даргузашт 9 октябр 1967(1967-10-09)[1][2][5][…] (39 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд Эрнесто Гевара де ла Серна
Падар Ernesto Guevara Lynch[d]
Модар Celia de la Serna[d]
Ҳамсар Hilda Gadea[d][6] ва Aleida March[d]
Фарзандон Aleida Guevara[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Соядаст
Ҷоизаҳо
Collar of the Order of the White Lion Grand Cross of the Order of the Southern Cross Order of the Southern Cross ордени Шери сафед Order of the Republic Order of Augusto César Sandino
Рутба саргурд[7]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эрне́сто Че Гева́ра (исп. Ernesto Che Guevara [ˈtʃe ɣeˈβaɾa], номи пурра — Эрне́сто Гева́ра, исп. Ernesto Guevara; 14 июни 1928, Росарио, Аргентина9 октябри 1967, Ла-Игера, Боливия)[8][9] — роҳбари ҳаракати инқилобӣ дар Амрикои Лотинӣ, ходими низомӣ ва давлатии Куба, яке аз роҳбарони инқилоби соли 1959 дар Куба.

Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Буэнос-Айрес (1953). Соли 1954 дар ҳаракати ҳимояи ҳукумати инқилобии Гватемала аз таҷовузи ИМА иштирок дошт. Пас аз шикаст хӯрдани инқилоби Гватемала ба Мексика омада, баъди наздик шудан бо роҳбари инқилобчиёни Куба – Фидел Кастро Рус соли 1956 бо дастаи инқилобчиён ба Куба рафт. Соли 1957 фармондеҳи дастаи партизанҳо таъйин гардида, дар чанд муҳориба бо артиши диктатор Ф. Батиста ғолиб гардид. Декабри 1958 дар муҳорибаи шаҳри Санта-Клара ғолиб омада, 2.1.1959 бо дастаи худ вориди Гавана шуд ва дар пирӯзии инқилоби Куба саҳм гузошт. Баъдан дар вазифаҳои муҳимми давлатӣ дар Куба кор кардааст: сардори Раёсати рушди саноат (1959), президенти Бонки миллӣ (1959–61), вазири саноат (1961–65) ва амсоли инҳо. Че Гевара мардумро барои мубориза бар зидди империализм ва беадолатии ҳукуматдорон даъват мекард. Соли 1965 Кубаро тарк карда, барои иштирок дар муборизаи инқилобӣ ба Конго рафт. Пас аз шикаст (соли 1966) ба Боливия рафта, роҳбари дастаи партизаниҳои инқилоб (Артиши озодии миллии Боливия) шуд. Соли 1967 дар ҷанг бо қувваҳои давлатии Боливия шикаст хӯрда, асир афтод ва баъдан кушта шуд. Соли 1997 ҷасади Че Гевараро аз Боливия ба Куба оварда, дар шаҳри Санта-Клара ба хок супурданд. Номи Че Гевара рамзи муборизаи инқилобӣ ва фидокорӣ дар баъзе кишварҳои олам гардидааст.

  • Эпизоды революционной войны. Воспоминания. М., 1974;
  • Я – конкистадор свободы. М., 2000; Статьи, вступления, письма. М., 2006.
  • Лаврецкий И. Э. Че Гевара. 2. изд. М., 1973;
  • Григулевич И. Р. Э. Че Гевара и революционный процесс в Латинской Америке. М., 1984;
  • Гавриков Ю. П. Последний романтик революции. М., 2004.