Осим Мирмуҳамедов
Зоҳир
Осим Тоҳирҷонович Мирмуҳамедов | |
Таърихи таваллуд | 24 апрел 1983 (41 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Осим Тоҳирҷонович Мирмуҳамедов (тав. 24.04.1983) ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст. Ихтисос филолог-шарқшинос.
- Солҳои 2005 – 2006 — Муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
- Солҳои 2006 – 2010 — Муаллими кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
- Солҳои 2008 – 2011 — Унвонҷӯи кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
- Солҳои 2010 – 2011 — Сармуаллими кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
- Солҳои 2010 – 2013 — Муовини декан оид ба тарбияи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
- Солҳои 2013 – 2015 — Муовини декан оид ба таълими факултети забонҳои шарқ ва дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
- Солҳои 2015-2017 — Муовини декан оид ба тарбияи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
- Аз соли 2017 то ҳол — Муовини декан оид ба таълими факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, кафедраи грамматикаи забони арабӣ Мирмуҳамедов Осим Тоҳирҷонович(тоҷ.). www.hgu.tj. 18 Декабри 2023 санҷида шуд.