Осман Нури Топбаш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Осман Нури Топбаш
Osman Nuri Topbaş
Сурат
Таърихи таваллуд 21 январ 1942(1942-01-21) (79 сол)
Зодгоҳ Истанбул
Кишвар
Пеша нависанда
Ҳамсар Süreyya Topbaş[d]
Вебгоҳ osmannuritopbas.com

Тарчумаи хол[вироиш]

Осман Нури Топбаш дар ноҳиям Еринкойи шаҳри Исломбул дар соли 1942 ба дунё омадааст. Падараш Мусо Топбаш ва модараш бошад Фатима Фариде мебошанд. Дар соли 1953 ба литсейи бо номи Имом Хатиб шахри Исломбул дохил шудааст. Баъди хатм кардани литсей Имом-Хатиб солҳои дароз ӯ аз олимони динии шинохтаи даврони худ таълими диннӣ гирифтааст, ки усотодони ӯ инҳо мебошанд: Ҷалолиддин Уктен, Маҳир Изтур, Нуриддин Торсӣ ва ғайрахо. Соҳиб шудан ба шахсияти баланди рӯхї ва диннї тарбияи бевоситаи падараш Мусо Топбаш мебошад, ки ӯ хам наќши падариро ва хам наќши устодро ба писари худ адо кардааст. Бешубха Нури Топбаш устоди рӯхони буда, дар байни хазорон мусалмонони дунё бо дониши баланди диннии худ ва инчунин бо ахдоќи хамидаи инсониаш машхури олам гаштааст. Осман Нури Топбаш дар мухити тозаи диннии олї ба воя расидааст, ки баъд аз сари (мурдани) падараш кори падарашро идома дода, ӯ худ муршиди Наќшабандии тариқат мешавад. Дар соли 1962 бошад дар армияи Туркӣ хизмат кардааст. Аз соли 1990 ба навиштани китобҳои диннї машѓул шудааст. Баъд аз нашри аввалини китоби худ устод Осман Нури Топбаш ба фаъолияти китобнависи чиддӣ машѓул мешавад.

Links[вироиш]