Jump to content

Усмон Нурӣ Тупбош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Усмон Нурӣ Тупбош
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нависанда
Таърихи таваллуд: 21 январ 1942(1942-01-21) (82 сол)
Зодгоҳ:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ, тасаввуф ва нақшбандия
Ҳамсар Süreyya Topbaş[d]
Маълумот:

Иттилооти иловагӣ
Сайти расмӣ: osmannuritopbas.com
Вироиши Викидода

Шайх Усмон Нурӣ Тупбош (тур. Osman Nuri Topbaş; 1942, Истамбул, Туркия) — олими ҳанафимазҳаб, устоди рӯҳонӣ ва мутакалим.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмон Нурӣ Тупбош дар ноҳиям Еринкойи шаҳри Исломбул дар соли 1942 ба дунё омадааст. Падараш Мусо Тупбош ва модараш бошад Фатима Фариде мебошанд. Дар соли 1953 ба литсейи бо номи Имом Хатиб шаҳри Исломбул дохил шудааст. Баъди хатм кардани литсей Имом-Хатиб солҳои дароз ӯ аз олимони динии шинохтаи даврони худ таълими диннӣ гирифтааст, ки усотодони ӯ инҳо мебошанд: Ҷалолиддин Уктен, Маҳир Изтур, Нуриддин Торсӣ ва ғайрахо. Соҳиб шудан ба шахсияти баланди рӯхї ва диннї тарбияи бевоситаи падараш Мусо Топбаш мебошад, ки ӯ хам нақши падариро ва хам нақши устодро ба писари худ адо кардааст. Бешубха Усмон Нурӣ Тупбош устоди рӯхони буда, дар байни хазорон мусалмонони дунё бо дониши баланди диннии худ ва инчунин бо ахдоқи хамидаи инсониаш машҳури олам гаштааст. Усмон Нурӣ Тупбошдар муҳити тозаи диннии олї ба воя расидааст, ки баъд аз сари (мурдани) падараш кори падарашро идома дода, ӯ худ муршиди Нақшабандии тариқат мешавад. Дар соли 1962 бошад дар армияи Туркӣ хидмат кардааст. Аз соли 1990 ба навиштани китобҳои диннї машғул шудааст.

Баъд аз нашри аввалини китоби худ устодУсмон Нурӣ Тупбош ба фаъолияти китобнависи чиддӣ машғул мешавад.