Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ
Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст.
Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бо таркиби физикӣ-кимиёвӣ, бо хосиятҳои шифобахшии худ дар радифи обҳои маъдани Есентукӣ, Боржомӣ ва ғайраҳо меистад. Таркиби ин оби шифоӣ намак, сулфат, хлорид, гидрокарбонат, натрий дорад ва ҳарораташ 33-36 дараҷа гарм мебошад. Он барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат ва такягоҳ, асаб, амрози занона, қанд (дараҷаи якум ва дуюм), ҷоғар, пӯст ва ғайраҳо давои беҳтарин аст. Истифодаи васеи оби маъдани «Шоҳамбарӣ» аз чашмаи якум, ки маъданнокиаш 2,0- 3,5 г/литр мебошад, ҳангоми муолиҷаи беморон берун аз шароити шифохона ниҳоят мувофиқ аст.[1] Осоишгоҳ дорои 500 ҷойи хоб дар масоҳати 17 гектар воқеъ аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бори нахуст соли 1952 тавассути пармачоҳҳо оби шифобахши мавзеи Шоҳамбарӣ кашф карда шуда барои табобати мардум ба кор шурӯъ намудааст. Соли 1986 пармачоҳҳои нави оби шифобахш кофта шудаанд. Соли 1990 бинои 5 қабатаи нави осоишгоҳ сохта шуд.[2]