Шоҳамбарӣ
Намуди зоҳир
(Тағйири масир аз Шоҳамбарӣ (деҳа, н. Ҳисор))
| Деҳа | |
Шоҳамбарӣ | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | НТҶ |
| Ноҳия | Ҳисор |
| Ҷамоат | Деҳоти Алмосӣ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 966 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3139 |
| Нишонаи почта | 735020 |
Шоҳамбарӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор. Аз деҳаи Шоҳамбарӣ то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 966 нафар (2017), тоҷикон.
Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар назди деҳа Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст. Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бо таркиби обҳои маъдании физикӣ-кимиёвӣ, бо хосиятҳои шифобахшии худ дар радифи обҳои маъдани Есентукӣ, Боржомӣ ва ғайраҳо меистад.(Нигаред: Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ бештар...)
Инчунин, дар назди деҳа мазори Чилтан, ки яке аз мавзеҳои Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад, ҷойгир шудааст. (Нигаред: Мазори Чилтан бештар...)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2