Jump to content

Осорхонаи адабии Муъмин Қаноат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Осорхонаи адабии Муъмин Қаноат

Осорхонаи адабии Муъмин Қаноат — дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷойгир аст.

Ифтитоҳи осорхонаи адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Осорхонаи адабии Муъмин Қаноат 7 ноябри соли 2022 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо харҷи 4 миллион сомонӣ, барои арҷгузорӣ ба шахсияти устод Муъмин Қаноат бунёд гардидаст. Дар осорхона тамоми маҳсули дасти устод Муъмин Қаноат, асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод Мӯъмин Қаноат нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин моҳи июни соли 2022, қуллаи Маяковский дар ВМКБ расман ба номи Муъмин Қаноат гузошта буданд.[1]

Ифтитоҳи пайкараи шоир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайкараи шоир Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро ва сабзу хуррам гардонда шудаст. Дар осорхона асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод Муъмин Қаноат нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.

Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз 19.11.2022 ва мувофиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 13.12.2022 №148 Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани нигоҳубини минбаъдаи хона-музейи шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат тибқи тартиби муқарраргардида, тавозуни он ба Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ гузаронида шуд.[2]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи устод Муъмин Қаноат(тоҷ.). www.iza.tarena.tj. 17 июни 2024 санҷида шуд.
  2. Осорхонаи Муъмин Қаноат(тоҷ.). 17 июни 2024 санҷида шуд.