Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қоҳир Расулзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қоҳир Расулзода
парчам
8-умин Сарвазири Тоҷикистон
аз 23 ноябри 2013
Пешгузашта Оқил Оқилов
27 феврали 2007 23 ноябри 2013
(и.в. аз 2 декабри соли 2006)

Таваллуд 8 марти 1961(1961-03-08) (65 сол)
Фарзандон 3
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Таҳсилот
Дин ислом
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон, Дорандаи ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи II, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени «Фидокорона хизматлари учун» (Барои меҳнати фидокорона).
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қоҳир Расулзода (Абдуқоҳир Абдурасулович Назиров (то майи соли 2007)[1]; тав. 8 марти 1961, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон, 8-умин Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Хистеварз таваллуд шудааст. Маълумот - олӣ. Соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси «муҳандис-гидротехник» хатм намудааст.

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамсари ӯ, Иқболхон Назирова, соҳиби ду ҷое дар Дубай мебошад, ки арзиши умумии онҳо 1,4 миллион доллари ИМА мебошад.[2][3] Вай инчунин соҳиби чанд амволи дигар дар Тоҷикистон аст.[3] Духтари онҳо, Фарангез Азимова, соҳиби як вилла дар Дубай мебошад, ки арзиши он 5,4 миллион доллари ИМА аст.[3]

Аз куҷо ва чӣ хел ба даст оварда шудани пулҳои ин хонавода номаълум аст, зеро Иқболхон Назирова даромади расмӣ надорад ва Расулзода, 24 сол аст, ки чун мансабдори давлатӣ фаъолият мекунад. Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, мансабдорони давлатӣ наметавонанд бо тиҷорат машғул бошанд.[3]

Фаъолияти меҳнатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник–санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст.

Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 27 феврали соли 2007 то 2013 – Раиси вилояти Суғд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.[4]

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон»,
  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи II,
  • медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
  • мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени «Фидокорона хизматлари учун» (Барои меҳнати фидокорона).[4]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]