Jump to content

Осорхонаи маорифи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Осорхонаи маорифи Тоҷикистон
Санаи асосгузорӣ 1960
Ҷойгиршавӣ Душанбе

Осорхонаи маорифи Тоҷикистон (Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) — осорхона дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ки осори марбут ба мориф ва илми Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон соли 1960 бо ташаббуси яке аз собиқадорони соҳа Аҳмад Раҳимзода ва дастгирии Вазорати маорифи РСС Тоҷикис­тон дар назди Институти таҳқиқотӣ-илмии илмҳои педагогӣ (ҳоло Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ) бо номи «Музейи маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» таъсис шуд. Осорхона то соли 1996 чун муассисаи алоҳида ва баъд ҳамчун шуъба дар назди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ фаъолият кардааст. Пас аз таъсиси Академияи илмҳои педагогӣ (соли 2002) (ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) ба ҳайати зерсохтори он дохил гардид. Сарварии осорхонаро дар солҳои гуногун 7 нафар ба уҳда доштанд, ки нахустини онҳо Аҳмад Раҳимзода (солҳои 1960—1972) буд ва ҳоло Қурбоналӣ Зиёев (аз соли 2016) ин вазифаро ба зима дорад.

Осорхона дар тӯли фаъолияти худ ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ, нигораҳо, амсилаву аксҳоеро, ки рушду нумӯъ ва бурду бохти Тоҷикистонро инъикос менамоянд, гирд овардааст. Дар гирдоварии маводи илмиву таърихӣ саҳми пурарзиши роҳбарият ва кормандони осорхона назаррас аст.

Дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бисёр нигораҳои нодиру ҷолиб гирд оварда шудааст. Амсилаҳои «Мактаби куҳна», «Мадраса», асбобҳои хатнависии асрҳои XVIII- XIX, «фалоқ» — асбоби ҷазодиҳӣ, китобҳои Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Фузулӣ ва ғайра, ки бо ҳуруфоти арабӣ навишта шудаанд ва аз рӯи онҳо дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро ва Ҳисор дарс мегуфтанд, аз ҳамин ҷумлаанд. Ҳамзамон, дар ин ҷо дастурҳои зиёде бо ҳуруфоти лотинӣ, ки ҳанӯз соли 1930 қабул карда шудаанд, маҳфузанд.

Осорхонаи маориф бо осорхонаҳои мактабӣ ҳамкориҳои устувор дошта, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ташкили осорхонаҳо ёрии амалӣ мерасонад.

Осорхонаи маорифи Тоҷикистон тарғибгари хидматҳои шоёни олимону маорифпарвони маъруфи шинохта, арбобони илму техника, омӯзгорони шоиста ва собиқадорони маориф мебошад. Гӯшаҳои махсус ба фаъолияти Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова, Ҳабиба Каримова, муаллимони ИҶШС Идӣ Халифаев, Фотима Самадова, олимон Лутфуллозода Муҳаммад, Шарифзода Файзулло, Убайд Зубайдов, Каримова Ирина, собиқадорони маориф Ҳабиб Искандаров, Ниёз Сафаров, Розиқ Ҳамидов ва дигарон бахшида шудааст.

Дар бораи фаъолияти аввалин омӯзгороне, ки барои маҳви бесаводӣ ва барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ мубориза бурдаанд, маводи ҷамъовардашуда, расму ҳуҷҷатҳо маълумот медиҳанд. Макети қатли аввалин муаллимаҳо дар Ҳоит, ки 1 апрели соли 1929 рух додааст, барои тамошобинони осорхона сабақи зиндагӣ аст.

Кормандони осорхона дар ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳо, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои фаннӣ, экспедитсияҳои ҷумҳуриявӣ, сайёҳӣ-кишваршиносии мактаббачгон ҳиссагузор мебошанд.

Вазифаи осорхона тарғиби таърихи маорифи мамлакат, дастовардҳои он, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии маводи зарурӣ маҳсуб меёбад. Агар барои осорхона дар иртибот ба соҳаи маориф аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мавод гирд оварда мешуд, муҳтавои он ғанитар мегардид. Инъикоси фаъолияти барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф низ ба мақсад мувофиқ аст.