Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Координатҳо: 40°17'6"N 69°37'5"E[1]
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ё (Қалъаи Хуҷанд) — бори нахуст соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шуда буд. Он яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки дар он намунаҳое аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудаанд.[2].[3]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯшишҳои холӣ кунонидани ҳудуди дохилии куҳандизи Хуҷанд ва он ҷо созмондиҳии Ширкати илмию тармимии "Қалъаи Хуҷанд" охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри ХХ шуда буд. Ҳисори аз қисми ҳарбӣ холикардашуда чун ёдгориву зиёратгоҳи умумихалқӣ истифода гашта, нишон додани бавуҷудоӣ ва инкишофи таъриху маданияти бостонии Хуҷанд, симои шаҳрсозии қадимтарину қадима ва асримиёнагии он дар назар буд.
Ҳамаи он мебоист дар осорхонаи минбаъда, намоишгоҳи эҳёгаштаи арк-кремли ӯрдаву қасри биноҳои дарборӣ ва осорхонаҳои меъмориву таърихи сохтмон, ҳарбию таърихӣ бо манзараҳои муқобилияти ҷангӣ ва муҳорибаи ҳамшаҳриёнамон бо лашкарҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳо, Чингизхон, ҳарбиёни сулолаҳои шайбонӣ, аштархонӣ, манғитҳо, зидди ҳуҷуми лашкару ҳарбиёни ҳукумати подшоҳии рус, фидоиёни Шӯриши 4 июли соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд, Инқилоби сурхи соли 1917 ва ғайра инъикоси худро меёфт. Ҳамзамон, бунёди силсилаи осорхонаҳои археологиву қалъасозӣ, ки «Роҳи бузурги абрешим», таърихию меъморӣ, этнографӣ, ҳарбию таърихӣ бо экспозитсияҳои дахлдори муборизаи хуҷандиён бар зидди лашкари Искандари Мақдунӣ, мудофиаи Хуҷанд бо роҳбарии Темурмалик аз ҳуҷуми муғулҳои ғоратгар дар хушкиву Сирдарё ва ғайраҳо дар назар буд.[4]
Дар дохили куҳандизи Хуҷанд баъди бори якум аз қисми ҳарбӣ холикунонии он (охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри ХХ) мо чанд биноҳои аз хишти пухта сохташударо (дар шакли таҳхонаҳо) низ дарёфта шуда буданд. Саршавии ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар Тоҷикистон баҳри амалигардонии нақшаҳо монеъ гардид. Куҳандиз ба қисми ҳарбӣ баргардонида шуд.
Заминаҳои аввалини маданияти шаҳрсозӣ дар ҳавзаи Сирдарё ба ҳазорсолаи II-I то милод рост меоянд. Омӯзиши археологии шаҳри Хуҷанд аз соли 1954 сар шуда ва аз кофтукови археологии куҳандизи шаҳр ибтидо гирифт. Дар чуқурии 27-метраи дизи шаҳр, болои арк, ки дар кофтуковаш иштирок доштам, осори қабатҳои мадании сукунати инсон, ки ба асрҳои VIII-VI то милодӣ мансубанд, ошкор шуд.
Ҳарчанд ин санад эҳтимолӣ намояд ҳам, ковиши хандақҳои дигар дар ҳудуди қалъаву шаҳри имрӯзаи таърихиамон дар тӯли аз соли 1954 то соли ҷашнии 2500-солагии Хуҷанд (с.1986) – қариб 65-70 хандақ кофта шудааст ва бовариамонро зиёда аз 2500 сол умр доштани Хуҷанд мустаҳкам кард. Хулосаи қадимияти қабатҳои мадании куҳандиз – ба асри Х–VIII то милод тааллуқ доштани дизи Хуҷанду худи он афзалият дошт. Бостоншинос Т.В. Беляева дар дизи Хуҷанд девореро кушод, ки хиштҳои калонҳаҷми хоми он ба асри VII-IV то милод рост омадааст. Ин масолеҳ то ҳол дар Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд ба намоиш гузошта шудааст.[4]
Сарчашмаҳои хаттии таърихӣ гувоҳи онанд, ки шаҳраки Хуҷанди асри VII-IV то милод сарҳади шарқии империяи Ҳахоманишҳо ва шаҳри ривоҷёфтае будааст, солҳои 329-327 (асри IV то милод) онро Искандари Мақдунӣ забт кардааст. Пас деворҳои мавҷудаи шаҳрро тармим ва дубора деворкашӣ намудааст, ки хиштҳои антиқии калонҳаҷми 46 Х 26-28х13 см, 46Х32х13 см аз хандақи №28 дар чуқурии 27 метр ёфтшуда шаҳодати ин аст.
Умуман, давраи урбанизатсия - ба шаҳрнишинӣ рӯй овардани мардуми Хуҷанд дар ҳазорсолаи Х-VIII то милод сар шуда, асри VIII-VII то милод ба охир мерасад.
Куҳанқалъаи Хуҷанд бо арк – кремл – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳ ристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод аст, дар соҳили чапи Сирдарё ошкор карданд. Асрҳои VI-V то милод шаҳристон нақшаи мураббаъ дошта, ба 20 га баробар буд (диз – 6 га, шаҳристон 12 га).
Марзҳои Хуҷанди архаикӣ аз рӯи маводи археологии хандақҳо чунин буданд: ҷанубу ғарбтари куҳандиз шаҳр бо девор аз хишти хом иҳота карда шуда буд ва аз се тарафаш хандақи васеву чуқур дошт, ки оби он бо ҷараёни шохаҳои поёнӣ - ба Сирдарё ҷоришаванда пур шуда меистод.
Ҳудуди Хуҷанди архаикӣ системаи таъсисёфтаву сохташудаи фортификатсионӣ дошт,-хандақҳову деворҳо ( дуэлемента барои худи шаҳр) ва хандақҳои берунаву девори умумишаҳрӣ (дохилишаҳрӣ) назди куҳандиз (асри VI-IV то милод) босуръат аз ҷониби сокинон васеъ мегардид (ғафсии қабати сукунат – қабати мадании археологиро то 1,5 метр мутахассисон муайян кардаанд). Бозёфтҳои археологӣ – сафолоти хуму кӯзаҳо, косаву ҷоми сафолӣ, дарёфт шудани хуми калонҳаҷми ғалланигоҳдорӣ (11 хуми архаикии калон), ғаллакӯбҳои сангиву ӯғурҳои сангӣ, қисмҳои олоти бофандагӣ ва ғайра шаҳодати онанд, ки ғаллаистеҳсолкунӣ ва захиракунии маводи хӯрока, бофандагиву кулолгарӣ ва хоҷагии кишоварзиву ҳунармандии шаҳриён ба роҳ монда шуда будааст.
Моҳи июли соли 2003 хишти нахустини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар назди урдуи шаҳр гузошта шуд. Сохтмон ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки 500 ҳазори он аз хазинаи Президенти кишвар ҷудо гардид.[5]
Дар давоми соли 2013 беш аз 30 ҳазор нафар сайёҳон осорхонаро тамошо карданд. Зикраш бамаврид аст, ки аз шумораи умумӣ зиёда аз 2 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ буданд.[6]
Толорҳои осорхона
[вироиш | вироиши манбаъ]Бинои ҳозираи осорхона ба шакли иморати қадимаи анъанавии муҳофизатӣ сохта шудааст. Он аз як толори васеи болоӣ ва се толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст. Дар толори болоӣ ва ду толори зеризаминӣ намоишҳои осорхонавӣ созмон дода шуда, дар як толори зеризаминӣ фонд (махзан) ҷой гирифтааст. Ҳоло масоҳати умумии осорхонаи навбунёд мутобиқ ба лоиҳа 1279,2 м2,толори намоишӣ 1052,4 м2, ҷои нигаҳдории экспонатҳо226,8 м2аст. Бурҷи он фарогирии 46,7 м2 масоҳат,118 метрбаландӣ 8,6 метрдиаметр мебошад.
- Толори якум «Ҳаёти одамони асри санг» номгузорӣ гардидааст. Мушовири ин толор (ғор) профессор С. Ш. Марофиев мебошад. Ин толор (ғор) аз тарафи Ёдгоров Комилҷон- рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат: рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш дода шудааст. Ин тарзи намоиш аввалин бор дар Осиёи Миёна дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сурат гирифт.
- Толори дуюм «Давраи фулузӣ» номгузорӣ карда шудааст. Дар ин толор ташаккулёбии инсонҳо нишон дода шудааст.
- Толори тамаддуни ориёӣ ба ифтихори соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо (с.2006) бахшида шудааст. Ин толор аз тарафи рассом, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Ғафурҷон ороиш ёфтааст ( бо мушовирии профессор С. Ш. Марофиев). Толори тамаддуни ориёиҳо бо рамзи ориёии болои матоъ, ки аз тарафи рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова дӯхта шудааст, оғоз меёбад.
Дар осорхона қасрҳои муҳташам, сутунҳо, ҳайкалҳо, ки дар Тахти Ҷамшед қомат афрохтаанд ҳамчунин нусхабардорӣ аз катибаи Бесутун, нимпайкараи Дорои I ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.
- Толори эллинистӣ аз тарафи Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ботуралиев Раҳматҷон созмон дода шуда бо санъати кошинкории флорентсиявӣ ороиш ёфтааст. Дар созмони экспозитсия сангҳои мармари ранга, ки дар кӯҳҳои Помиру кони Консой мавҷуданд истифода шудаанд. Дар толор нуҳ лавҳа мавҷуд буда, ҳар яке аз ҳаёти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ нақл менамояд.
- Толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик дар се намуд бо экспозитсияҳои мавзӯъӣ таъмин аст, ки онҳо аз ҷиҳати даврабандии таърихӣ ба ҳам мувофиқат мекунанд. Толор аз тарафи рассом Маҳмудов Акбар- дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ороиш дода шудааст. Мушовирони толор С. Марофиев, Н. Турсунов, А. Бузуруков, К. Атаева, Ф. Дадохӯҷаев, М. Файзуллоев, Ҳ. Тоатов, Ш. Аҳмадов, А. Мирбобоев ва дигарон мебошанд.
Ҳайкали Темурмалик – Қаҳрамони халқи тоҷик- ин муҷассама аз тарафи муҷассамасози ҷавону боистеъдод Давронҷон Раҳматов-дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шуда, бо баландиаш3,5 метр, ва истифодаи 4тонна метали биринҷӣ фароҳам гардидааст.[6]
Соли 2015 назди осорхонаи вилоят Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ бунёд ёфтааст, ки дар ҳудуди боғи истироҳатӣ айвонҳои миллӣ, роҳравҳои замонавӣ, гӯшаи ҳунарҳои халқӣ ва фаввораҳо бунёд ёфта, он ба таври муосир чароғон карда шудаанд. Ташкилёбии Мамнӯъгоҳи байналмилалии таърихию фарҳангӣ ва бостонию сайру сайёҳӣ ва намоиши ҳунармандии истеҳсолии ярмаркавии «Қалъаи Хуҷанд» дар Регистони Хуҷанд дар солҳои истиқлоли ҷумҳурӣ ба анҷом расид.
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҷассамаи арзишманде, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб кард - ин муҷассамаи «Шоҳи Суғд» буд, ки он ба асрҳои VI-VII-и мелодӣ рост меояд. Муҷассама 8 июли соли 2016 аз деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ ёфта шудааст. Соҳиби бозёфт омӯзгор Қӯшабой Ғолибов нақл кардааст, ки ҳанӯз 30-35 сол қабл бобову бибиаш ҳангоми чаронидани чорво аз мавзеи Чӯбистони атрофи кӯли Аловиддин ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудаанд, ки то имрӯз дар хонаводаи онҳо нигоҳдорӣ мешудааст. Баландии муҷассама 37 см, дарозии он 24 см ва вазнаш 2,540 гр, баландии қади асп аз нуги пой то сари ёл 20,5 см, дарозӣ аз думи асп то фуки асп 24 см мебошад. Дарозии савора аз пой то сари парранда 31,5 см-ро ташкил медиҳад.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки
« Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз бозёфтҳои нодир, ки бори аввал дастраси олимон гардидааст - ин «Шоҳи Суғд» аст. Мо, пеш аз ҳама, ба он аҳамият додем, ки дар сари шоҳ тоҷ аст, яъне ин боз шаҳодати он аст, ки номи тоҷик аз калимаи тоҷ, тоҷдор пайдо шудааст. Зиёда аз ин он мурғи ҳумое, ки дар сари шоҳ аст, баёнгари он аст, ки мардум ва миллати мо ҳамеша мисли мурғи ҳумои афсонавӣ ҳар қадар ки дар тӯли таърих ҷафо дидааст, боз ҳам зинда будааст, бол мекушодааст ва ба боло парвоз мекардааст, ки ин нишони абадияти миллати мост. Муҳимтар аз ҳама, бозёфти ин муҷассама нишони он аст, ки мардуми тоҷик мардуми бумӣ ҳастанд, мардуми кучӣ нестанд ва ин марзу бум марзу буми аҷдодии мост»
.[7]
Аксҳои экспонатҳои осорхона
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Майдони назди осорхона дар шаҳри Хуҷанд
-
Толори ҳаёти ҷомеаи ибтидоӣ
-
Толори ҳаёти ҷомеаи ибтидоӣ
-
Толори даврони шоҳигарии Ҳахоманишиён
-
Толори даврони шоҳигарии Ҳахоманишиён
-
Толори даврони шоҳигарии Ҳахоманишиён
-
Тасивирҳои замони эллинистӣ
-
Тасивирҳои замони эллинистӣ
-
Толори асрҳои миёна (аслиҳаи ҷанговарон)
-
Китобҳои асрҳои миёна
-
Харитаи асрҳои миёна
-
Сарулибоси мардуми замони асрҳои миёна
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 224 с.– Матн ба заб. тоҷ., ва руси.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Исторический-музей
- ↑ Таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба осори таърихӣ BBC Тоҷикӣ 20 Ноябр соли 2010
- ↑ Музей археологии и фортификации г. Худжанда
- ↑ 4.0 4.1 Эҳёи қалъаи Хуҷанд. 11 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 май 2016.
- ↑ Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
- ↑ 6.0 6.1 Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ бояд фароғатгоҳи ҳақиқӣ бошад. 5 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2022.
- ↑ Бозёфти муҷассамаи «Шоҳи Суғд». 28 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2022.