Қалъаи Хуҷанд
Ёдмон | |
Қалъаи Хуҷанд — дар ш.Хуҷанд воқеъ аст. Дар бинои қалъа Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷойгир шудааст, ки яке аз қисматҳои Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» мебошад.
Санагузорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қалъаи бостонӣ аз асри VII то асри XIX арзи вуҷуд доштааст. Тадқиқотҳои васеъ дар ҳудуди он доир нашудаанд. Даромадгоҳ ва деворҳои қалъа қисман дар охири асри XX барқарор карда шудаанд.
Ҳафриёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200х300 м. ҷой гирифтааст. Атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд иҳота мекунанд. Релефи болои қалъа дар натиҷаи сохтмонҳои муосир пурра дигаргун гаштааст.
Куҳанқалъаи Хуҷанд бо арк – кремл – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳ ристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод аст, дар соҳили чапи Сирдарё ошкор карданд. Асрҳои VI-V то милод шаҳристон нақшаи мураббаъ дошта, ба 20 га баробар буд (диз – 6 га, шаҳристон - 12 га).[1]
Таъминкунандаи оби сокинони Қалъа – канали Қўрхона буд, ки обаш аз шохоби Хоҷа Боқирғон таъмин буд (об ба таври пинҳонӣ аз чашми душмани ба қалъа ҳуҷумкунанда тариқи «обдузд» аз оби Сирдарё таъмин карда мешуд, аз ҳамин сабаб ҳам то ҳол калонсолони Хуҷанд мегўянд, ки аз зери қалъа ба дарё роҳест зеризаминӣ, ки он роҳи оби қалъа мебошад).[1]
Куҳандизи Хуҷанд ҳам ҳуҷуми арабҳо (асрҳои VIII-IХ), ҳам давраи Сомониён, ҳам гумоштаҳои сулолаҳои Қарохониён, Салчуқиёнро (асрҳои ХI-ХII) аз сар гузаронидааст. Дар замони ҳукмронии амир Темури ланг (асри ХIV – ибтидои асри ХV) куҳандизу арки ҳоким чун ҷои бинои ҳукуматӣ монд. Асрҳои баъдина куҳандиз то аркаш чун қароргоҳи ҳокимон, масалан, Оқбўтабек (а.ХIХ) ба хонанда маълум аст. Баъди Хуҷандро ишғол намудани лашкари ҳукумати подшоҳии рус (24 майи соли 1866) дар дохили қалъаи Хуҷанд аскарони ин ҳукумати подшоҳӣ ҷойгир кунонида шуд (он ҷо бинои сардори коменданти ҳарбӣ ва казармаи аскарон, сардори музофоти Хуҷанду канселярияи он низ ҷойгир буданд).[1]
Осорхона дар қалъа
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои 30-юми асри XX масъалаи вусъат додани осорхонаҳо ва ҷамъоварии ёдгориҳо дар сатҳи ҳукуматӣ роҳандозӣ мешавад. 7 январи соли 1930 қарори Кумитаи марказии шӯроҳо ва комиссариати халқии шӯроҳои Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон зери №44 «Доир ба қайд гирифтан ва муҳофизат намудани ёдгориҳои таърихӣ, нодираҳои бадеӣ ва табиат» ба имзо мерасад. Санаи 1 июли соли 1931 Кумитаи ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлиси раёсат қарори таъсиси осорхонаро дар ин маркази қадимаи тоҷикон ба тасвиб мерасонад. Дар натиҷа осорхона дар ду толори масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳатдин ҷойгир мешавад. Аз сабаби он ки қисмати ҷанубу шарқии яке аз толорҳо девор надошт, бар асари сардиву гармӣ, бориш ва вазиши шамол махзани осорхона ҳамеша зери хатари осебҳои табиӣ мемонад. Нахустсарвари осорхона А. В. Уэлс ҳамроҳи дигар кормандон барои пурра ғановатманд ва васеъ гардонидани толорҳои он кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Баргузории анҷумани нахустини Қаромазор оид ба фулузоти ранга ва нодир, ки бо ширкати беш аз 800 олими шӯравӣ аз 18 то 26 октябри соли 1931 баргузор мешавад, боиси такмили маводи осорхона мегардад. Баъди итмоми анҷуман иштирокдорони он маводи омодакардаи ин чорабинии муҳимро ба осорхона туҳфа менамоянд. Маҳз дар заминаи чунин тадорукот соли 1932 миқдори бозёфтҳои осорхона ба 5000 мерасад.
Санаи 14 декабри соли 1932 Шӯрои комиссариати халқии Тоҷикистон қарор мекунад, ки осорхонаи шаҳри Хуҷанд аз 1 январи соли 1933 ба шуъбаи осорхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуда, он ба ихтиёри комиссариати маориф вогузор гардад. Бо гирифтани ин унвон осорхона ҳамчун осорхонаи кишваршиносии тамоми шимоли Тоҷикистон шумурда шуд.
Дар солҳои минбаъда ҳайати штатии кормандони осорхона такмил ёфт ва барои самарабахшии фаъолияти он корҳои судманд сурат гирифт. Намунаи равшани ин гуфтаҳо даъвати мутахассисони соҳибтаҷриба, монанди Т. Г. Обулдуева аз Эрмитаҷи давлатӣ ва бостоншинос Б. А. Латинина барои такомули кори осорхона маҳсуб меёфт. Дар заминаи ҳамкорӣ бо олимони тоҷику рус ва аврупоӣ осорхона имкон пайдо кард, ки соли 1936 нахустин «Ахбороти осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони шимолӣ»-ро ба табъ расонад.
Шоистаи зикр аст, ки аз солҳои 60-уми асри XX ба баъд шурӯъ карда, бо роҳбарии муаррихони тоҷик, амсоли ӯ. Пӯлодов, С. Марофиев, Н. Турсунов, А. Мирбобоев, дертар Ҳ. Тоатов, М. Файзуллоев, У. Ҷаҳонов ва дигарон, ки устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (он солҳо ДДОЛ ба номи С. М. Киров) ба шумор меоянд, корҳои ҳафриётӣ бо донишҷӯён вусъати тоза пайдо кард.
Охири солҳои 70-уми қарни гузашта ба сабаби тағйир ёфтани низом ва талаботи осорхонаҳо зарурати тарзи нави намоишҳои осорхона ба миён омад. Дар кори таъмиру азнавсозии толорҳо, кандакориву нақшу нигор баробар бо ҳунармандони маҳаллӣ-усто Мақсуд Солеҳов, усто Ғафур Мансуров, усто Ҳаким Саидов аз Хуҷанд ва устоҳои кандакори Исфара, мутахассис оид ба офаридани намоиши осорхонавӣ аз шаҳри Тошканд Г. В. Колосков низ даъват шуд. Азнавсозии намоиши осорхона соли 1978 дар сатҳи баланди касбӣ анҷом ёфт.
Солҳои 80-ум осорхона фаъорияташро густурдатар сохт. Шумораи умумии кормандони он ба 22 нафар расид. Он солҳо осорхона аз 5 шуъба: шуъбаҳои табиат, таърихи даврони тоинқилобӣ, даврони шӯравӣ, маъхаз ва шуъбаи маърифатӣ иборат буд. Солҳои зиёд дар осорхона шӯрои илмӣ ва комиссияи харидории бозёфтҳо амал мекард. Ходимони илмии шуъбаҳо корҳои таблиғотиву ташвиқотиро хуб ба роҳ монда, дар давоми фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Агар соли 1960 ба осорхона 50 адад нигора қабул шуда бошад, пас соли 1979 461 адад, соли 1988 он ба 1160 адад расонида шуд. Мувофиқи санади воридотии фонди осорхона аз соли 1984 то соли 1992 С. Азаматова 657 адад, К. Атоева 584 адад, М. Бойматов 1837 адад, М. Тошматов 514 адад, нигораҳоро ба маъхаз ворид намудаанд.
Оғози солҳои 90-уми асри XX замони табаддулоти сиёсиву фарҳангӣ барои осорхонаи вилоятӣ мушкилоти зиёде ба бор овард. Баробари ҷорӣ гардидани озодии дин дар ҷомеа рӯзе як гурӯҳи намозгузорон ба масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳатдин ворид гардида, ба суханҳои роҳбарияти осорхона эътибор надода, худсарона махзан ва толорҳои намоиширо кушоданд. Онҳо талаб доштанд, ки осорхона зуд ба ҷои дигар кӯчонида шавад. Агар аз назари мантиқӣ гирем, онҳо ҳақ буданд, зеро садсолаҳо дар Хуҷандшаҳр масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳатдин амал мекард. Вале амали нодурусти онҳо аз он иборат буд, ки хазинаи гаронбаҳои осорхонаро бе риояи эҳтиром таъҷилан ба тракторҳо бор карда, ба ӯрдаи шаҳр-бинои таълимии ҳарбиён оварданд. Дар натиҷаи ин беэҳтироми бозёфту таҷҳизотҳо осеби сахт бардоштанд.
Бар замми ин дере нагузашта баъди таъмир ва дар бинои таълимии ӯрда ҷой гирифтани осорхона зарурати кӯчидани дубора пеш омад. Соли 1991 осорхона ба ошёнаи дуюми бинои тарабхонаи «Панҷшанбе» (ҳоло маркази савдои Ҳоҷи Абдулазиз) кӯчонида шуд. Дар ин ҷо низ зарурати анҷоми корҳои азнавсозиву таъмир сар зад. Ҳарчанд ҷои осорхона мувофиқ ба меъёрҳои амалкунанда набуд, вале то соли 2004 дар ин ҷо фаъолият бурд. То анҷоми бинои нав соҳибмулки ҷои қароргирифтаи он Ҷамъияти матлуботи вилоят тақозои кучидани таъҷилии осорхонаро ба миён гузошт. Аз ин хотир осорхона муддате дар коргоҳи пойафзолдӯзии шаҳри Хуҷанд низ қарор дошт.
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд соли 1986 ба муносибати таҷлили 2500 солагии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта буд. Баъд аз тармими даромадгоҳ ва деворҳои қалъа бо қарори ҳукумати вилоят дар соли 1999 дар дохили қалъаи Хуҷанд Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷойгир карда шудааст.[2]
Моҳи июли соли 2003 хишти нахустини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар назди урдуи шаҳр гузошта шуд. Сохтмон ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки 500 ҳазори он аз хазинаи Президенти кишвар ҷудо гардид.[3] Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст, аз як гумбази асосӣ, ду гумбази миёна ва 4 гумбази хурд иборат мебошад.
Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи «Қалъаи Хуҷанд», арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст. Аз ҷумла, дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.[4]
Толорҳои намоишӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ороиши бинои «Қалъаи Хуҷанд», ки 5 толори намоишӣ дорад, санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ, кошинкорӣ, буриш ва ғайра ба таври васеъ истифода шудааст.
Дар толори “Ҳавзаи илмӣ — адабии Хуҷанд”, ки бо санъати миллии меъморӣ наққошӣ шудааст, вобаста ба ҳаёту фаъолияти олимони Хуҷандшаҳр, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот гирдоварӣ шуда, дар васфи Хуҷанд ва қалъаи он гуфторҳои олимону зиёиёни замони гузашта ва имрӯз, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи қалъа ва дигар маводи зарурӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамин толор муҷассамаи 4 шахси номвари Хуҷанд — Зиёуддини Хуҷандӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Садруддини Хуҷандӣ ва Султон Умаров, инчунин нигораҳо вобаста ба илму адаб, аз қабили дастхатҳо, қаламдон, лавҳ, даводдон, кӯзачаву обдастаҳои навиштаҷотдор ба намоиш гузошта шудааст.
Толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ” харитаи маҳаллаҳои ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ва акси ҳунармандони чирадасти вилоят ва қисме аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди ҳунари рассомӣ, кашидадӯзӣ, мисгарӣ, кундалсозӣ ва созҳои мусиқиро дар бар мегирад.
Толори “Истиқлоли Тоҷикистон” аз барелеф, ки аз тарафи ҳунармандон Даврон Раҳматзод ва Мунира Турсунова омода гардидааст, шурӯъ мегардад. Ин барелеф аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлолият оғоз гардида, дар он давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва ташабуссҳои ҷаҳонии Пешвои миллат инъикос ёфтааст.
Дар қисмати таҳхона толори намоиши бозёфтҳои бостонии минтақаи миёнаоби Сирдарё, сиккаҳои гуногуни давраҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ҷойгир карда шуда, ҳамзамон ҷой барои баргузории конфронсу ҷаласаҳо, мулоқоту вохӯриҳо, ҳуҷраҳои хизматию техникӣ ва устохонаҳои рассомӣ мавҷуд мебошад.[5]
Маҳаллаи Хуҷанди қадима
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибтикороти дигаре, ки дар қисми шимолу шарқии қалъа амалӣ карда шуд, бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима мебошад. Хонаву ҳавлиҳо асосан мансуби табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр буда, эҳё ва бунёди он имкон фароҳам меорад, ки анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад.
Бунёди намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд асосан бо маслиҳату тавсияи этнографҳо амалӣ карда шуд. Ин хонаҳо пурра бо маводи табиӣ, аз ҷумла лойу гил ва чӯб сохта шуда, дарвоза, сутун ва сақфи манзилҳои қадима пурра кандакорӣ шудаанд ва амалҳои нақшу нигорро асосан рассомони соҳибтаҷриба иҷро намудаанд. Дар ин маҳаллаи қадима истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ низ намунаи ибрат ва қобили ситоиш аст.
Этнографҳо ба он назаранд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамояд ва амалӣ намудани ин иқдоми мазкур дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад. Аз ин пас дар ин 8 ҳавлии қадима, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мешаванд. Дар ин ҷо ҳамзамон ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудааст. Дар чойхонаи миллӣ, ки дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд барои 60 нафар пешбинӣ гардидааст, иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гачкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии бемисл ба зебогии намои берун ва дохили бино шукӯҳи бештар бахшидаааст. Дар шафати чойхонаи миллӣ ҳамзамон растаи омода кардани нону самбӯсаҳои гуногун ва номгӯи зиёди таомҳои миллӣ бо фарогириии чор оташдон ва танӯр сохта шудааст.
Майдони қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои Хорои Хуҷанд дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати кабудизоркунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.Дар ҳудуди қалъа бунёди ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо роҳнамоӣ ва маслиҳату машварати Усто Бӯрҳон ба таври барҷаста кандакорӣ карда шудааст, ба зебогии ин мавзеи таърихию фарҳангӣ шукӯҳу шаҳомати бештар мебахшад.[6]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 224 с.– Матн ба заб. тоҷ., ва руси.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Эҳёи қалъаи Хуҷанд. 28 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 май 2016.
- ↑ Музей археологии и фортификации г. Худжанда
- ↑ Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
- ↑ www.sugd.tj/news. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд(тоҷ.) (8 октябри 2024). 8 октябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ www.sugd.tj/news. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд(тоҷ.) (8 октябри 2024). 8 октябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ www.sugd.tj/news. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд(тоҷ.) (8 октябри 2024). 8 октябри 2024 санҷида шуд.