Отурфарнбағ
Отурфарнобағ (номи пурра: Отурфарнобағи Фаррухзодон (Озарфарнобағ писари Фаррухзод) - гирдоваранда ва нависандаи нахустини китоби «Динкард» буда ва пас аз вай Отурпоти Уметон (Озарбод писари Умед) онро аз нав танзиму талхис карда ва «Динкарди ҳазор дар» номидааст.
Дар замони халифа Маъмун, Отурфарнобағ, ки аз тоҷикони Балх буд, мубоҳисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд, дар он бошад ин мубади зардуштӣ, Отурфарнобағ, ширкат дошт. Дар ин мубохиса Отурфарнобағ нисбат ба ҳамаи намояндагони динҳои дигар дастболо шуд ва халифа ба у иҷозат дод, ки дар бораи Авесто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Отурфарнобағ ба навиштани китобе бо номи «Динкард» сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро ӯро диндорони исломӣ мекушанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод (Отурпоти) давом дода, ба охир мерасонад. «Динкард» мухтасаран дар бораи бахшҳои Авесто, аз ҷумлаи 21 китоби замони Сосониён маълумот медиҳад.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- kmt.tj Тоҷнома, Тавзеҳот PDF(пайванди дастнорас)
- ↑ kmt.tj Тоҷнома PDF(пайванди дастнорас).