Офтобпараст (гиёҳ)
| Офтобпараст (гиёҳ) | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Helianthus}}, ки бояд мавқеи систематикии таксони Helianthus-ро муайян кунад.
???: Офтобпараст (гиёҳ) |
||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||
| ||||||||||
Офтобпараст (лот. Helianthus annuus) — як навъи растани аз оилаи мураккабгулҳо ё косниҳо (лот. Asteraceae).
Аз 70 см. то 2,5 м қад мекашад. Пояаш рост, баргаш калон, дилшакли дандонадор, гулаш зард, донакаш фонашакли мағздор. Офтобгардон зироати муҳимми равғандор ва хӯроки чорвост. Дар таркиби донаи Офтобгардон равған, триглитсерид, фосфолипидҳо, сафедаҳо, аминокислотаҳо, карбогидратҳо, каротин, ҷавҳари лиму ва диг. моддаҳо фаровон аст. Равғани Офтобпараст барои тайёр кардани таомҳои гуногун, маргарин, алиф, собун ва дар саноати консерв, мағзаш дар қаннодӣ, кунҷорааш чун хӯроки чорво истифода мешавад. Офтобгардон рустании асаловар аст.
Табибони гузашта бо гули офтобгардон бемориҳои гуногунро муолиҷа мекарданд. Бино ба маълумоти эшон агар онро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро мегардонад, истеъмоли он бар зидди заҳролудии бадан тарёки хубест, гиреҳҳои рагҳои майна ва ҷигарро мекушояд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона ва зарарнок пок месозад, дарди дандонро таскин медиҳад, боҳро қавӣ мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад; барои бавосир, захми шуш, зардпарвин, обварам дармон мешавад, пешоб ва ҳайзро меронад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. Агар ҳар як қисми ин рустаниро кӯфта гузошта банданд, дарди пайвандҳо, ирқуннасо (радикулит), ниқрис (подагра) ва ханозир (свинка)-ро дафъ мекунад.
Дар тибби халқӣ равғани гарми офтобгардонро барои муолиҷаи ҷойҳои сӯхта, ҷароҳат, шалҳидагӣ ва кафидагии пӯст истифода мебаранд. Онро чун воситаи исҳоловар низ (40 – 60 г) тавсия медиҳанд. Чой ва ҷӯшоби гули офтобгардонро барои муолиҷаи заъфарма, тарбод, радикулит, невралгия, дарди дил ва рафъи халаи рӯдаҳо кор мефармоянд. Бо гулҳои канории сабадаки офтобгардон назлаи роҳҳои болои нафасро муолиҷа мекунанд. Қиёми гули офтобгардон (40 г дар 200 мл об) ҳангоми вараҷа, судабандии бронхҳо ва халаи меъда муфид аст. Гули офтобгардонро дар давраи шукуфтанаш меғундоранд; онро дар ҷои сояи шамолрас хушкондан лозим аст. Барги онро алоҳида ҷамъоварӣ мекунанд ва дар ҷои соя мехушконанд. Бо мақсади муолиҷаи колити ташаннуҷӣ 15 – 20 г гули хушки офтобгардонро дар 1 истаон оби ҷӯш андохта дам медиҳанд. Онро полонда, 15 – 20 дақ. пеш аз хӯрок 3 чумчагӣ ошомидан лозим аст.
Дар тибби муосир равғани Офтобпараст ба таркиби бисёр марҳамҳо ва линиментҳо дохил карда шудааст. Он холестерини хунро кам мекунад, бинобар ин барои пешгирии атеросклероз ва бемориҳои дигар аҳамияти калон дорад[3].

Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Linnæi C. Species Plantarum (лот.): Exhibentes plantas rite cognitas ad genera relatas — 1753. — Ҷ. 2. — С. 904.
- ↑ 牧野富太郎 牧野日本植物圖鑑 (卓上版) (яп.) / зери таҳрири 牧野富太郎 — 目黒区: 北隆館, 2017. — С. 53. — 1080, 13, 7, 29, 72, 31, 11, 12 с. — ISBN 978-4-8326-0741-5
- ↑ Офтобпараст/Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
- Википедия:Мақолаҳои биологӣ бо шаблони таксономии намерасида
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Статьи без ссылки на Викивиды
- Биологические статьи, где отсутствует перенаправление с латинского названия таксона
- Шаблонҳо:Мақолаҳои хурд аз гиёҳшиносӣ
- Гиёҳҳои хӯрокӣ