Оғузҳо
Оғузҳо | |
|---|---|
| Забон | оғузӣ[d] |
| Ҷузъе аз | туркҳо |
| Гурӯҳҳои қавмӣ | |
Ғузҳо, оғузҳо, ӯғузҳо (уйғ. ئوغۇزلار, оғузлар,ар. أوغوز, форсӣ: اغوز, туркманӣ: oguzlar, ӯзбекӣ: og'uzlar, тур. ва озарбойҷонӣ: oğuzlar) — қабилаҳои туркҳои шарқӣ – Туғуз уғуз (нуҳ қабила) дохил буданд.
Баъди барҳамхӯрии Хоқонии турк қабилаҳои Туғуз уғуз тадриҷан ба самти ғарб ҳаракат карда, қисмашон дар Туркистони Чин ва қисми дигарашон дар даштҳои назди Сирдарё, бахусус, дар минтақаҳои атрофи шаҳрҳои асримиёнагии Қараҷуқ, Фороб ва Сайрам сокин шуданд.
Дар осори ҷуғрофиёии мусулмонон аз туркони сокиншуда дар Туркистони Чин бо номи Туғуз уғуз ва аз туркони Осиёи Миёна бо номи ғуз ёд мешавад. Мувофиқи маълумоти Истахрӣ, Ибни Ҳавкал ва муаллифи «Ҳудуду-л-олам», минтақаи сукунати ғузҳо дар Шарқ баҳри Хазар, дар Ҷануб то Бухоро ва Мовароуннаҳр ва дар Шарқ то ш. Сарбон мерасид. Истахрӣ минтақаи сукунати ғузҳоро дар шимоли баҳри Хазар «мағозату-л-ғуз» ва Ибни Фазлон "сарзамини Ғузон" тавсиф кардаанд.
Ғузҳо ба арсаи таърих ҳамчун вассали Хоқонии Хазар ворид шуда, аввалан зери таъсири онҳо печенегҳо аз минтақаҳои ғарбии Қазоқистони имрӯза ба даштҳои назди Дон ва баъдан ба Ғарб муҳоҷират карданд. Тақдири ин шохаи қабилаҳои ғуз ба куллӣ тағйир ёфт: як қисмашон бо печенегҳо омезиш ёфта, дар оянда халқияти гагаузҳоро ташкил доданд, қисми дигарашон дар даштҳои васеи Руссияи Ҷанубӣ бо русҳо омезиш ёфтанд.
Қисми бештари ғузҳо ба самти ҷанубу шарқ муҳоҷират намуда, дар аҳди Сомониён дар атрофи шаҳрҳои поёноби Сирдарё – Янгикент, Ҷанд, Хавора сукунат доштанд. Ғузҳо дар ибтидо худро ҳаводори Сомониён нишон дода, муҳофизати минтақаҳои поёноби Сирдарёро аз тохтутози қабилаҳои дигари турк ба уҳда доштанд. Дар давраи таназзули давлати Сомониён ғузҳо дар муборизаи зидди Элакхон ба Исмоили Мунтасир ёрӣ расонида, баъди ба даст овардани ғанимати ҳарбӣ аз идомаи мубориза саркашӣ намуданд. Ғузҳо аз давраи ҳукмронии Маҳмуди Ғазнавӣ дар Марв сокин шуда, баъдан қисме аз онҳо ба Кирмон, Деҳистон, Балхон, Исфаҳон, Курдистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Байнаннаҳрайн кӯчиданд. Баъд аз ин дар ҳудуди хилофат аз се шохаи ғузҳо: салҷуқӣ, балхонӣ ва ироқӣ ном бурда мешавад. Аз давраи ташкилёбии давлати Салҷуқиён тамоми Шарқи Наздикро ба худ тобеъ намуда, дар ташкили давлати туркҳои Усмонӣ, баъзе давлатҳои асримиёнагии Озарбойҷон (Қара-қуюнлу ва Оқ-қуюнлу), Сафавиҳо ва ғ. мусоидат намуданд.
Дар асрҳои 10–11 сардори давлати ғузҳоро «ябғу» меномиданд. Ёварони ябғу «гузаркин», вориси тахт – «инал» ва ҳамсараш унвони «хотун» доштанд. Сарлашкари сипоҳи ғуз – сюбош бо такя ба шӯрои сипоҳ дар мавриди зарурӣ ба умури давлатдорӣ дахолат намуда, ба муқобили ябғу амал мекард. Машғулияти асосии ғузҳо чорводорӣ буда, барои тиҷорат ба шаҳрҳои атроф мерафтанд. Хусусан ғуломони ғуз дар минтақа харидори зиёд дошта, дар замони Тоҳириён аз ҳисоби онҳо солона ба дарбори Бағдод ду ҳазор ғулом фиристода мешуд. Дар ибтидо ғузҳо ба боварҳои қадимии гузаштагонашон эътиқод дошта, тадриҷан исломро пазируфтанд. Ғузҳо маросими хосси гӯркунӣ доштанд: сари ҷасадро ба тарафи Ғарб ниҳода, онро ба пушт мехобониданд ва дастҳояшро дар паҳлуяш дароз мекарданд. Маъмулан дар қабрҳои мардона найза, корд, пайкон, дар гӯрҳои сарватмандон, сардорони сипоҳ ва ашрофзодагон аслиҳаву асбобу лаҷоми асп ва ғ. мегузоштанд.
Ба қавли Ибни Фазлон, ғузҳо ҷасадро пеш аз гӯронидан қабо пӯшонида, баъдан камарбанду камонашро баста ҳамроҳи як қадаҳи чӯбини пур аз шароби набиз ба гӯр мегузоштанд. Агар шахс сарлашкар бошад, ба теъдоди одамони куштааш дар қабр муҷассамаҳои чӯбин гузошта мешуд. Ба қавли Рашидуддини Фазлуллоҳ, чеҳраи ғузҳо ба сабаби обу ҳавои Мовароуннаҳр тағйир ёфта, тоҷикон онҳоро туркмон, яъне туркмонанд мегуфтанд.
Ғузҳо дар ташаккули туркманҳо, озарбойҷониҳо, туркҳо, гагаузҳо ва қарақалпоқҳо нақш доштанд.
.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Агаджанов С. Г. Очерки истории огузов и туркменов Средней Азии IX–XIII вв., Ашхабад, 1969;
- Рашид ад-Дин. Сборник летописей. Т. 1. М. – Л., 1972;
- Бартольд В. В. Сочинения. Т. II. М., 1973;
- Жумашев Р. М. История Казахстана с древнейщих времен до наших дней. Караганда, 2003;
- حدود العالم من المشرق الی المغرب / به کوشش منوچهر ستوده. تهران، ۱۳۴٠ ش.؛
- سفرنامۀ ابن فضلان / ترجمۀ ابوالفضل طباطبایی، تهران. ۱۳۴۵ ش.؛
- اصطخری. مسالک و ممالک / به کوشش ایرج افشار. تهران، ۱۳۷۳ ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғузҳо / Ҳ. Нуриддинов. // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 125. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.