Jump to content

Нурулло Оқилзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Оқилов Нурулло Иноятович)
Нурулло Оқилзода
Оқилов Нурулло Иноятович
Таваллуд 27 май 1965(1965-05-27) (59 сол)
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои педагогика[d]

Нурулло Оқилзода (Оқилов Нурулло Иноятович; 27 майи 1965, деҳаи Оббурдон, ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — ходими сиёсиву давлатӣ, номзади илмҳои педагогика, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2020).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нурулло Оқилзода 27 майи соли 1965 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Масчо дар оилаи корманди давлатӣ ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи № 6-и ноҳияи Масчоро дар соли 1981 ва факултети забонҳои хориҷии Институти педагогии шаҳри Ленинободродар соли 1988 хатм кардааст[1]. Солҳои 1983—1985 дар сафи артиши Шӯравӣ адои хидмат кардааст.

Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.

  • 1981—1982 — харрот дар комбинати масолеҳи бинокории шаҳраки Нов.
  • 1988—1990 — омӯзгори забони олмонӣ ва сарпешоҳанги мактаби миёнаи № 17 — и ноҳияи Масчо.
  • 1990—1997 — директори мактаби миёнаи рақами 17 — и ноҳияи Масчо.
  • 1997—1999 — Сардори идораи маорифи вилояти Ленинобод.
  • 1999—2003 — Раиси ноҳияи Масчо.
  • 2003—2010 — Раиси ноҳияи Куҳистони Масчо.
  • 2010—2015, 2015—2020 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва панҷум, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.

Аз 15 апрели соли 2020 мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебошад[2].

Нурулло Оқилзода муаллифи якчанд қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба вориднамудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораитаълиму тарбияи томактабӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба шумор меравад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нурулло Оқилзода муаллифи се монография ва 14 мақолаи илмӣ мебошад.

Бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003, нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медал барои «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба номи Саъдии Шерозӣ соли 1993 мебошад.

  1. ОКИЛОВ Нурулло. centrasia.org. ЦентрАзия. 27 май 2021 санҷида шуд.
  2. Президенти Тоҷикистон. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Оқилзода Н.. president.tj (15 апрели 2020). 27 май 2021 санҷида шуд.