Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Павел Блонский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Павел Блонский
Таърихи таваллуд 26 майи 1884(1884-05-26)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 феврали 1941(1941-02-15)[2][3][1] (56 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа, равоншиносӣ ва Педагогика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: Doctor of Pedagogy Sciences[d]
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Па́вел Петро́вич Бло́нский (14 (26) майи 1884, Киев — 15 феврали 1941, Маскав) — равоншинос ва педагоги рус.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Университети Маскав (1907) дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии Маскав, аз ҷумла дар Университети Маскав, Университети А. Л. Шанявский, Институти педагогикаи илмӣ, Институти равоншиносӣ кор кардааст. Яке аз ташкилкунандагони Академияи тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ (минбаъд Академияи тарбияи коммунистии ба номи Н. К. Крупская). Муаллифи зиёда аз 200 асар оид ба фалсафа, педагогика ва равоншиносӣ. Асарҳои пешазинқилобии Блонский хусусияти таърихию фалсафӣ ва таърихию педагогӣ доштанд. Ақидаҳои педагогии Блонский дар асараш «Вазифаҳо ва методҳои мактаби халқӣ» (1916) инъикос ёфтаанд, ки дар он зарурати дар асоси донистани қонуниятҳои инкишофи кӯдак ва эҳтироми шахсияти ӯ ташкил намудани таълиму тарбия таъкид гардидааст. Дар солҳои аввали баъди инқилоб бозсозии илми педагогикаро аз мавқеи марксистӣ асоснок кард ва асосҳои мактаби кории политехникӣ: алоқаи ногусастании таълими меҳнат бо маълумоти умумӣ, алоқаи мазмуни маълумот бо вазъи илм, меҳнати мулоҳизакоронаи зарурӣ ва ғайраро таҳия намуд («Мактаби меҳнатӣ», 1919). Дар миёнаи солҳои 20 садаи 20 масъалаҳои хусусиятҳои фардӣ ва синнусолии бачагонро омӯхт. Дар китоби «Очеркҳои психологӣ» (1927) дар бораи пайдоиш ва инкишофи ҳаёти рӯҳӣ тезиси аҷиберо пешниҳод карда, онро ҳамчун дараҷаҳои мухталифи фаъолияти рӯҳӣ маънидод намуд. Таҳқиқоти ӯ роҷеъ ба тафаккур, нутқ, хотира, эҳсос, инчунин робита­ҳо ва таъсироти мутақобилаи равандҳои рӯҳӣ аҳаммияти махсус доштанд («Хотира ва тафаккур», 1935; «Инкишофи тафаккури мактаббача», 1935 ва диг.). Масъалаҳои тарбияи ҷинсӣ («Очерки шаҳватпарастии кӯдакон», 1935), тарбияи ахлоқӣ ва ғайраро таҳқиқ намуд.

  1. 1 2 Архив изобразительного искусства — 2003.
  2. 1 2 3 Блонский Павел Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. Brockhaus Enzyklopädie (нем.)F.A. Brockhaus, 1796.
  • Петровский А. В. История советской психологии. — М., 1967.
  • Никольская А. А. Значение П. П. Блонского в истории психологии // Вопросы психологии. — 1985. — № 1. — С. 121—125.
  • Наумов Н. Д. П. П. Блонский: философ и педагог // Известия Уральского государственного университета. — 2003. — № 27. — С. 97-107.
  • Гурова С. И. П. П. Блонский как философ // Компаративное видение истории философии. — СПб., 2008. — С. 129—139.
  • Danilchenko M. G.  Pavel Petrovich Blonsky (1884—1941) // Prospects: the quarterly review of comparative education. — Paris: UNESCO: International Bureau of Education, 1993. Т. XXIII, № 1/2. С. 113—124. Архивировано из первоисточника 18 феврали 2022.