Пайғамбарошӣ
Зоҳир
Пайғамбарошӣ, Пайғамбар-тӯӣ – ин маъракаро ҳар фарди мусулмон, ки ба синни 63 мерасад ин санаро ҳамчун умри мубораки паѐмбари ислом, Муҳаммад қайд мекунад. Шахси мазкур мувофиқи шароити молияш хешу ақрабояшро даъват намуда, зиѐфат меорояд. Баъзеашон сарояндагону доиранавозонро таклиф намуда хотири меҳмононро шод менамояд, баъзеи дигарашон бошанд ҳофизони Қуръонро оварда, қуръонҳонӣ мекунанд. Дар охир ба меҳмонон ҳамчун ҳадия яктогӣ рӯймол ѐ ягон чизи дигар туҳфа медиҳанд, ки ин рамзи нияти нек аст. Маъракаи Пайғамбарошӣ дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст.[1][2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 63
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ(пайванди дастнорас)