Jump to content

Гуреза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Паноҳанда)

Гуреза, паноҳанда — дар ҳуқуқи байналмилалӣ шахсест, ки бинобар мавҷудияти ҷанги дохилӣ, фаъолияти муайяни сиёсӣ ё иҷтимоӣ, мансубияти нажодӣ, миллӣ, динӣ ва ғайра дучори таъқиб ва фишор қарор гирифта, давлати иқомати доимии худро тарк кардааст ва ба давлати хориҷӣ рафтааст.

Вазъи ҳуқуқии гурезагон дар қонунҳои миллӣ (мас., Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи 2002) ва асноди байналмилалӣ (мас., Конвенсия оид ба вазъи гурезаҳо аз 28 июли 1951 ва Протоколи марбут ба вазъи гурезаҳо аз 31 декабри 1967) муайян ва танзим карда мешавад. Дар сохтори СММ Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо таъсис дода шудааст (14 декабри 1950), ки бо фаъолияти дорои хислати башардӯстию иҷтимоӣ машғул аст. Ба он Комиссари Олӣ сарварӣ мекунад. Ӯ ҳар сол ба воситаи Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба Ассамблеяи генералии СММ ҳисобот медиҳад. Ситод-қароргоҳи Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар ш. Женева (Швейсария) ҷойгир аст. Намояндагиҳои он дар 120 давлати сайёра фаъолият доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо аз соли 1993 фаъолият намуда, дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба ватан баргардонидани гурезаҳои тоҷик хидмати беназиреро анҷом дод.

  • Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012;
  • Буше-Сольнье Ф. Практический словарь гуманитарного права/ Перевод с французского Е. Кирпичниковой. М., 2004.