Панҷасанг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Панҷасанг, ҳафтсанг, ҷамбулбозӣ, ҷамбет

Дар майдонча 10-12 нафар духтарон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Онҳо дар замин як росткунҷа мекашанд ва аз чор кунҷи дарунии он боз яктогӣ хоначаҳо мекашанд, 5 ё 7 адад сангҳои дар мобайни росткунҷа болои ҳам мегузоранд. Дастаи якум аз масофаи муайян сангҳоро ба нишон гирифта бо тӯб мезанад. Бозигарони дастаи якум баъд аз ин ки бо тӯб сангҳоро афтонданд, кӯшиш мекунанд, ки омада сангҳоро дар росткунҷа аз нав болои ҳам чинанд. Дар ин вақт бозигарони дастаи дуюм тӯбро дошта, бозигарони дастаи аввалро таъқиб карда, намегузоранд, ки ба росткунҷа наздик шаванд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш]

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 189