Парадоксов Леонид Фёдорович
Зоҳир
Парадоксов Леонид Фёдорович | |
Таърихи даргузашт | 1954 |
Унвонҳои илмӣ | олим, арбоби давлатӣ |
Леонид Парадоксов — доктори илми тиб (1950), профессор (1951). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1945). Духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1942).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Леонид Парадоксов Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм намудааст (1921), ихтисос – «офталмология». Самти асосии фаъолияти илмӣ: офталмология. Мудири шуъбаи бемориҳои чашми Бемористони ҷумҳуриявӣ (1925-1942), мудири кафедраи бемориҳои чашми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1942-1949), сарофталмологи ҶШС Тоҷикистон (1949-1954).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени Ленин, «Нишони Фахрӣ»,
- медали «Барои меҳнати шоиста» тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1945).
- Духтури шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1942).
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |