Jump to content

Парвиз Нидоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парвиз Нидоев
Нидоев Парвиз Фозилович
Таърихи таваллуд 15 март 1978(1978-03-15) (46 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод (2010)
Унвонҳои илмӣ дотсент (2013)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (2000)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013)

Парвиз Нидоев (Нидоев Парвиз Фозилович; 15 марти 1978, ноҳияи Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2010), дотсент (2013). Дорандаи Нишони фахрии Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе) (2012), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нидоев Парвиз Фозилович 15-уми марти соли 1978 дар ноҳияи Тоҷикобод, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1995 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2000-ум бо дипломи «Аъло» хатм намудааст. Соли 2000-ум ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2003- ум бо пешниҳоди рисолаи илмӣ хатм намудааст. Пас аз хатми аспирантура ба ҳайси муаллим-коромузи кафедраи «Умури гумруки»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба кор қабул шуда, соли 2004 ба вазифаи муаллими калони кафедраи «Умури гумруки»-и Донишкадаи мазкур интихоб шудааст. (дармуддати солҳои 2003—2004). Аз соли 2004 то 2008 дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаси нозири дидбонгоҳи гумруки Ҷиргатол, лейтенанти хадамоти гумрук, кору фаъолият намуда, дар ин давра курси такмили ихтиссоси Донишкадаи такмили иҳтиссоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳодатномаи аъло хатм намудааст. Аз соли 2007—2010 бо мақсади дифои рисолаи илмӣ, ҳамчун муаллими калони кафедраи «Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намуда, рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, бо ифтихорномаҳо «Барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи таълим ва тарбия ва фаъолона иштирок намудан дар корҳои ҷамъияти» ва «Сарпарасти беҳтарин» сарфароз гардонида шудааст. Аз соли 2010 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаҳои мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумруки Донишкадаи сохибкорӣ ва хидмат, Мудири кафедраи гумрук ва муқовимат бо коррупсия Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат кору фаъолият намуда, аз соли 2017 то кунун дар вазифаи сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи сохибкорӣ ва хидмат кор ва фаъолият менамояд. Аз соли 2015 аъзои гуруҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои саривактии сархати 3 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2015..№ 21" Оид ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва аъзои гуруҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба масъалаҳои шомилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2010 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯъи «Мукамалгардонии механизми расонидани хидмати гумрукӣ ва таъсири он дар болоравии амнияти иқтисодӣ» ҷамъбаст намуда, онро дар дар Шӯрои диссертатсионии К 737.007.01 дифоъ намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили таҳкими фаъолияти гумрукӣ дар таъминоти амнияти иқтисодиёти миллӣ равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон роҳҳо ҳалли танзими фаъолияти гумрукиро дар тартиби расонидани хидмати гумрукӣ ва таъминоти амнияти иқтисодии кишвар нишон додааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ масъалаҳои фаъолияти гумрукиро дар шароити иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаян намуда роҳҳои ҳали онҳоро дар раванди рушди иқтисодиёти миллӣ пешниҳод намудааст. Давоми кору фаъолияташ чандин коференсия ва семнару чорабиниҳои илмиро дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат доир намуда, пешниҳод ва хулосаҳоро барои рушди иқтисодиёт миллӣ бо дарназардошти ҳалли масъалаҳои иқтисодиёт ва фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла:-таърихи 28-уми декабри соли 2011 бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбӣи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ — назарияви дар мавзӯъи «Саҳми мақомоти гумрук дар рушди иктисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; -таърихи 14 -уми декабри соли 2012 бахшида ба 22-юмин солгарди таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ — назарияви дар мавзӯъи «Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иктисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», -таърихи 4-уми январи соли 2013 бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзӯъи «Муаммоҳои идоракунии таваккал дар низоми муосири гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»; -таърихи 11.12.13. Мизи муддавар дар мазӯи «Тафсири Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон» -саннаи 03.11.2014. Мизи муддавар бахшида ба 20-мин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯъи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20-соли охир: рущд ва тараққиёт» — таърихи 24.12.2015, семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯъи «Усулҳои пешбурди корҳои илмӣ методӣ» — таърихи 11.03.2015, семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯъи «Рушди соҳибкории истехсолӣ дар ҷумхурӣ ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ»(тибқи дархости Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои сархати 3 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2015, № 21 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифахо барои соли 2015» оид ба масьалаи баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ миллӣ ва ба таври назаррас зиёд кардани саҳми бахши хусусӣ алалхусус дар соҳаи истехсолӣ) -таърихи 21-уми январи соли 2015 бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ — назариявӣ дар мавзӯъи"Афзалиятҳои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ" -таърихи 24.12.2015 семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯъи «Технологияҳои муосири пешбурди корҳои илмӣ тадқиқотӣ» -таърихи 20.05.2016 чорабинии илмӣ-назарявӣ дар мавзӯъи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -таърихи 10.03.2017 семинари илмӣ — амалӣ дар мавзӯъи «Нақши сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фаъолияти иқтисодии берунӣ» -таърихи 18.01.2017 чорабинии сиёсӣ дар мавзӯӣ "Нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлил ва омӯзиш -таърихи 26.05.2017 Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъи «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат- раҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон» Маҳз дар заминаи ин тадқиқоту пажӯҳишот зери роҳбарии ӯ вобаста ба ин шаклҳои фаъолият муяссар шуд, ки устодон ва хатмкунандагони ихтисосҳои фаъолияти гумрукии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дар сохторҳои Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор таъмин карда шуда, аксарияти онҳо тариқи озмун барои ишғоли вазифа дар мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба кор қабул шудааанд.

Дотсент Нидоев Парвиз Фозилович муаллифи бештар аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография ва 17 китобу воситаҳои таълимӣ мебошад. Маслан китобҳои вай -«Мафҳумҳо ва қоидаҳои асосӣ дар фаъолияти гумрукӣ» ,2011, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, «Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт», 2012; «Ташкили ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук», 2012; «Декларатсиякунонии мол ва воситаҳои нақлиёт», 2012 ва ғайраҳо аз осори қиматбаҳои илмии муаллиф дарак медиҳад. Инчунинин дигар китобҳои таълимӣ «Ҳуқуқи байналхалкии гумрукӣ», 2013; «Танзими тарифи гумрукии ФИБ», 2013; «Иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ»,2013;«Мукамалгардонии механизми меъёрҳои тарифи гумрукӣ дар таъминоти амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2017; «Роҳҳои муосири таъмини амнияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2017 ба нашр расидаанд, ки ин аз дастовардҳои муҳими илмиро соҳиб будани ин олими тоҷик дарак медиҳад.

Китобҳо (Монографияҳо)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Монографияи илми Таможенная система в инфраструктурном обеспечении Республики Таджикистан / А. Х. Катаев, П. Ф. Нидоев. — Душанбе: «Ирфон», 2010, 156 с.
  2. Нақши лабораторияи гумрукӣ дар таҳкими назорати гумрукӣ/ П. Ф. Нидоев., Н. Р. Раҷабова. -Душанбе: Ирфон 2014, 145 с.
  3. Асосҳои ҳуқуқии ташкили назорат ва аудити давлатӣ/ Нидоев. П. Ф. — Душанбе: «Соҳибкор», 2014, 177 с
  4. Менеҷменти гумрукӣ/ Амров С. Х. Нидоев П. Ф. — Душанбе: «Ирфон», 2013, 220 с.
  5. Номгӯи молҳои ФИБ/ Амров С. Х. Нидоев П. Ф. — Душанбе: «Ирфон», 2013, 332с.
  6. Совершенствование механизмов применения тарифных мер и их влияние на обеспечение экономической безопасности/ Нидоев П. Ф. Душанбе: «Ирфон», 2015-209с.
  7. Усулҳои пешбурди муосири меъёрҳои тарифи гумрукӣ дар таъминоти бехатарӣ — иқтисодӣ/ Нидоев П. Ф. Душанбе: «Ирфон», 2016—110 с.
  8. Мукамалгардонии механизми меъёрҳои тарифи гумрукӣ дар таъминоти амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Нидоев П. Ф. Душанбе: «Ирфон», 2017, 121 с.
  9. Роҳҳои муосири таъмини амнияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Нидоев П. Ф. — Душанбе: «Ирфон», 2017, 138

Китобҳои дарсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Мафҳумҳо ва қоидаҳои асосӣ дар фаъолияти гумрукӣ/ П. Ф. Нидоев (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) — Душанбе: «Ирфон», 2011, 196 с.
  2. Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт/П. Ф. Нидоев., А. С. Орипов., Х.Ғ.Шоҳназари — Душанбе: «Ирфон», 2012, 200 с.,
  3. Ташкили ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук/ Нидоев. П. Ф., Ҷаборова А. С. Душанбе: «Ирфон», 2012,120 с.
  4. Декларатсиякунонии мол ва воситаҳои нақлиёт/ Нидоев. П. Ф. — Душанбе: «Ирфон», 2012, 384 с.
  5. Ҳуқуқи байналхалкии гумрукӣ/ П. Ф. Нидоев, У. М. Мамадамонов Х.Ғ. Шоҳназари.-Душанбе: «Ирфон», 2013, 210 с.
  6. Танзими тарифи гумрукии ФИБ/ Нидоев. П. Ф., Шоҳназари Х.Ғ., Мамадамонов У.М- Душанбе: «Ирфон», 2013, 177 с
  7. Дастури методӣ оид ба иҷроиши кори курсӣ аз фанни Ташкили назорати гумрукӣ/ Нидоев П. Ф.- Душанбе: «Соҳибкор», 2012, 60 с.
  8. Иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ/ Раҷабов Р. К. Нидоев П. Ф. Душанбе: «Сумани қудрат», 2013, 164с
  9. Дастури методӣ оид ба иҷроиши рисолаҳои тахассусии хатм барои тахасуси фаъолияти гумрукӣ/ Нидоев П. Ф. -Душанбе «Соҳибкор» 2014
  10. Дастури методӣ оид ба иҷроиши кори курсӣ аз фанни «Амалия ва назарияи истифодабарии воситаҳои техникии назорати гумрукӣ»/ П. Ф. — Нидоев Душанбе, «Соҳибкор» Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат, 2013с. 36 с
  11. Дастури методӣ оид ба иҷроиши кори курсӣ аз фанни Иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ/ П. Ф. Нидоев.- Душанбе: «Соҳибкор», 2018, 36 с
  12. Дастури методӣ оид ба иҷроиши кори курсӣ аз фанни Танзими тарифи гумрукии фаъолияти иқтисодии берунӣ./П. Ф. Нидоев Душанбе: «Соҳибкор», 2018, 36 с

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Нишони фахрии Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе) (2012)
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013)
  • Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ (2016)
  • Ифтихорнома «Сарпарасти беҳтарин» Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон 2009 сол
  • Ифтихорнома «Барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи таълиму тарбия ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ» Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон — 2010 сол