Парвиз Нотили Хонларӣ
Парвиз Нотили Хонларӣ | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 1914[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 23 августи 1990 |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар |
|
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
Парвиз Нотили Хонларӣ (форсӣ: پرویز ناتل خانلری; 1914[1], Теҳрон — 23 августи 1990, Теҳрон) — адиб, сиёсатмадор, забоншинос, нависанда ва шоири муосири эронӣ. Доктор ва профессори фахрии УДТ ба номи В. И. Ленин.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми мактаби олӣ чанде дар мактабҳои миёнаи Рашт ва Теҳрон муаллим буд. Фаъолияти илмию адабии Xонларӣ серсоҳа буда, масъалаҳои гуногуни шеъри форсӣ-тоҷикӣ, адабиёти муосири форсӣ, забон ва тамаддуни гузаштаи халқҳои эрониро фаро гирифтааст. Дар монография ва мақолаҳои ӯ — «Шеър ва ҳунар», «Забоншиносӣ ва забони форсӣ», «Таърихи забони форсӣ» (ду ҷилд), «Вомиқ ва Азро»-и Унсурӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Пасту баландиҳои шеъри нав», «Вазни шеъри форсӣ», «Таҳқиқи интиқодӣ дар арӯзи форсӣ» ҷиҳатҳои мухталифи адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, таърихи забону забоншиносӣ ва эҷодиёти шоирони бузурги форс-тоҷик мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Xонларӣ бо ҳамроҳии Забеҳуллоҳи Сафо зери унвони «Шоҳкориҳои форсӣ» як силсила асару достонҳои маъруф — «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав ва ғайраро ба чоп ҳозир намудааст. Xонларӣ инчунин шоир аст (маҷмӯъаи «Моҳ дар мурдоб»). Xонларӣ нашри ж. «Сухан»-ро (1943—1979) ба роҳ монда, дар тарғиби адабиёти мутараққии Эрон ва инкишофи равобити илмию адабӣ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла, Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиссаи калон гузоштааст. Ӯ ду бор ба Тоҷикистон омада, дар Симпозиуми шеъри форсӣ (1967) ва ҷашни 650 солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ (1975) суханронӣ кардааст. Баъзе мақолаю шеърҳои Хонларӣ ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва узбакӣ чоп шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Deutsche Nationalbibliothek Record #1018829571 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хонларӣ Парвиз Нотил / Ф. Наҷмонов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).