Парвин (нашрия)
Навъ | ҳафтаномаи иттилоотӣ-фароғатӣ |
---|---|
Формат | A3, ранга |
|
|
Молик | Низомиддини Шамсиён |
Сармуҳаррир | Низомиддини Шамсиён |
Асосгузорӣ | 5 октябри 2003 |
Забон | тоҷикӣ |
Дафтари марказӣ | н. Файзобод, кӯчаи Зебуниссо |
«Парвин» — нашрияи ҷумҳуриявии иттилоотӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Файзобод, ки моҳи сентябри соли 2003 таҳти рақами 001 – 349 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардидааст.
Ҳадафи нашрия
[вироиш | вироиши манбаъ]Шумораи нахустини нашрия 5 октябри соли 2003 аз чоп баромад. Мақсаду вазифаҳои нашрия саҳм гузоштан дар тарбияи маънавӣ, зеҳнӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии мактабиён, тарғиби эҳтиромии калонсолон, ғояҳои инсондӯстӣ, накӯкорӣ, содиқ будан ба анъанаҳои гузаштагону омӯхтани мероси ниёгон иборат аст. Дар шумораи нахустин рубрикаҳои табрикот, сухани муассис, «Одобнома», «Меҳрномаи шогирд», «Пешниҳод», «Дар олами афсона», «Чистон?», бозиҳои ақлонӣ чоп шуда буд. Солҳои 2005 – 06 нашрияи «Парвин» ғолиби нахустозмуни грантҳои ҳукумати мамлакат дар соҳаи тарбияи ватанпарастӣ гардид. Нашрияи «Парвин» ба воситаи хонандагони берун аз кишвар дар мамлакатҳои хориҷӣ хонанда пайдо кардааст.
Муассис
[вироиш | вироиши манбаъ]Муассис ва сармуҳаррири он Аълочии матбуоти Тоҷикистон Низомиддини Шамсиён мебошад. Дар нашрия рӯзноманигорони шинохтаи ноҳия Тағоева Мунаввара, Соҳибназаров Тилло, Рустами Назир, Ҳикматуллои Бузург, Қаюмов Икром ва чанд нафари дигар ба ҳайси хабарнигор дар дигар минтақаҳои мамлакат фаъолият доранд. Аввали соли 2010 сайти нашрия «Парвин» миёни нашрияҳои бачагонаи кишвар нахустин шуда бо нишонии www.parvin.tj дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба фаъолият шурӯъ кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4