Рӯйдодҳои соли 2016

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сентябри соли 2016)
Jump to navigation Jump to search

декабри соли 2016[вироиш]

  • Дар охири соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2- ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.([бештар...])

ноябри соли 2016[вироиш]

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард. Дар Сарбанд Пешвои миллат бо фаъолият ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқи Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» инчунин бо ифтитоҳи марҳалаи дуюми таҷдиду навсозии ҶСК «Азот» шинос шуд. Дар ҷараёни боздиди кории худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд. ([бештар...])

16 ноябр Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Соли равон мардуми шарафманди тоҷик нахустин маротиба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Нигаред муфассал:([бештар...])[1]

14 ноябр соли 2016[вироиш]

29 октябр соли 2016[вироиш]

  • 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид[5].

13 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Дар ноҳияи Спитамани вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи ҶСП «Норд Азия Металл» баргузор гардид.
    ҶСП «Норд Азия Металл» самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад.
    Инчунин дар ноҳия ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ҶДММ «Спитамен Ойл» ки соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда баанҷом расидаст, баргузор гардид.[6][7][8]

9 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки ширкаткунандагон ин намоиш бо сарулибоси идонаи гуногунранг ва бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд. (Ниг. Ба аксҳо)[9]
  • Бегоҳии 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид. Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театркунонидашуда буд, ки сокинон ва меҳмонон пойтахт дар давоми зиёда аз 10 дақиқа онро тамошо намуданд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ намояндагони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, журналистони ВАО ва меҳмонон хориҷи кишвар ҳузур доштанд.[10][11]

8 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид. Бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ расми гузашти низомӣ доир намуданд.[12]

3 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуданд. Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи Ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.[13]

2 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Шоми 2 сентябри соли 2016 ҳукумати Ӯзбакистон расман марги Ислом Каримовро тасдиқ кард.[14] Дар мамлакат се рӯз мотами миллӣ эълон гардид. Маросими бахоксупории раиси ҷумҳури Узбакистон имрӯз, 3 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.[15]

1 сентябр соли 2016[вироиш]


25 августи соли 2016[вироиш]

Аз 18 то 25 август донишномаи Википедия.ру (анг. Wikipedia.ru), ба рӯйхати сомонаҳои дар Русия баста шуда шомил шуда буд. Ин амал аз ҷониби идораи назорати давлатии Русия - Роснадзор бо пешниҳоди қарори суди яке аз ноҳияҳои вилояти Астрахани Русия, барои дар ВП русӣ нашр намудани мақолаи "Чарас" (Чарас (наркотическое_вещество) бештар...) бинобар дар ВП-и русӣ нашр гардидани мақолае, ки намуд ва таркиби маводи нашъадорро дорост, иҷро гардида буд. Роснадзори Русия рӯзи 25.08.2016 ин қарорашро бекор кард ва ВП русӣ дар қаламрави Русия боз ба кор даромад. (бештар...)

24 августи соли 2016[вироиш]

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.

20 августи соли 2016[вироиш]

Шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллии Бразилия (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия мусобиқоти ниҳоӣ шурӯъ шуд ва варзишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори унвони чемпиони бозиҳои XXXI олимпӣ ва медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардид.


1 июни соли 2016[вироиш]

То 1 июни соли 2016 дар Википедиа 293 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 282-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои он зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 74-тоаш зиёда аз 10 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 112 қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 1 июни соли 2016 - 40 157 126 мақола (аз ҷумла зиёда аз 150 млн. саҳифа)ро дарбар мегирифт).[17]

апрели соли 2016[вироиш]

  • 22 апрели соли 2016 Корхонаи ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба истифода супорида шудааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.[18]
  • Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 15 март тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро имзо намуд, ки мувофиқи он ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст”.

Аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнуъ мебошад: “Аммо ин муқаррарот ба ақалиятҳои миллӣ рабт надорад. Барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд. Тоҷикон метавонанд бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён””пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд. Барои афроде, ки феълан бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад: "Онҳое, ки айни ҳол дар санадҳо бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, метавонанд номгузорияшонро иваз кунанд. Ин ихтиёрӣ мебошад".[19]

марти соли 2016[вироиш]

24 марти соли 2016 Корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" — дар ноҳияи Ғафуров ва Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар ш. Конибодоми вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтаанд.[20][21]

Донистаниҳо[вироиш]

Рӯйхате шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофӣ, ки номашон тағйир ёфт:

Ғайр аз ин, ба ифтихори Пешвои миллат шаҳрак дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон Раҳмонобод номгузорӣ шуд. Ин шаҳрак бо ташаббуси президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи Питовдашт барои сокинони моҳи июли соли 2015 аз селфароӣ осебдида бунёд гардид.[23]

январи соли 2016[вироиш]

  • 15 январ Википедиа ҷашни 15 солагии амалашро таҷлил намуд. Дар асри XXI лоиҳаи Википедиа башарияти оламро бомаърифат кард ва ин саҳми барҷаставу беғаразонаи ҳамкории корбарони гуногунзабони лоиҳа, барои башарият аст. Нигаред ба саҳифаи 15 солагии Википедиа

Эзоҳ[вироиш]

  1. РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТ
  2. Қатъи фаъолияти хабаргузории мустақили TojNews
  3. "Баста шудани Тоҷнюс сигнали бад аст"
  4. ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  5. Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун // PRESIDENT.TJ — 29 октябри 2016, 12:29
  6. Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен
  7. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»
  8. Эмомали Рахмон прибыл в Спитамен
  9. Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКС/
  10. Тантанаҳои фарҳангии марказӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  11. В_республике_отпраздновали_День_Независимости_Таджикистана
  12. Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // PRESIDENT.TJ — 8 сентябри 2016, 10:20, шаҳри Душанбе.
  13. Иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов // PRESIDENT.TJ — 3 сентябри 2016, 18:06, Ӯзбакистон.
  14. Правительственный портал Республики Узбекистан
  15. Узбекистан без Ислама Каримова // Коммерсантъ. — 2 сентября 2016, 19:57.
  16. Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара — PRESIDENT.TJ
  17. (Википедиа:Рӯихати Википедиа) 2.06.2016
  18. Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон
  19. Баъди имзои Президент: “Ов” ва “ович” расман манъ шуданд
  20. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  21. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  22. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд.
  23. Тағйири номи як шаҳр дар Тоҷикистон чӣ арзиш дорад?