Jump to content

Парчабурон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Парчабурон, чокбурон, кӯрпадӯзон - ин маросим занона буда, пас аз овардани ҷиҳозу қалини арӯс дар хонаи арӯс баргузор мешавад. Пас аз хӯрдани зиѐфат молу матоъҳои барои арӯс овардаро бароварда, ба пора карда дӯхтани либос шурӯъ менамоянд. Саравал як зани рӯзгордида бо дуои хайр поракуниро оғоз менамояд. Сипас риштаи корро зани ҳунарманде гирифта, аз матоъҳо барои арӯс сару по медӯзанд.[1][2]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 56
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)