Печак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Печак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Convolvulus arvensis L.
Гуногун[1]
  • Convolvulus arvensis var. arvensis
с более широкими листьями
  • Convolvulus arvensis var. linearifolius Choisy
с более узкими листьями

Печак, ашақа, лаблоб (лот. Convōlvulus arvēnsis) — рустаниест аз хонадони печакиҳо. Печак гиёҳи печандаи бисёрсола аст. Растании доруворӣ. Дар илми тиб истифода бурда мешавад.

Макон[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин гиёҳ қариб, ки дар ҳама ҷо — дар киштзорҳо (ҳамчун гиёҳи бегона ва зиёновар), кӯҳу дашт, қад-қади роҳҳо ва ҷӯйборҳо вомехӯрад. Гули хушбӯйи карнаймонанди пайвастабаргаш ранги сафед ё гулобӣ дорад. Миёни мардуми авом печак ҳамчун воситаи хунбанд ва таскинбахши ҷароҳатҳо ба кор меравад. Печак ғизои беҳтарини бузу гӯсфанд аст, вале барои чорвои калон, ба вижа асп, заҳролудкунандаву исҳоловар аст. Акнун ба «Канзи шифо»-и Ҳомидҷон Зоҳидов муроҷиат мекунем. Печак — ин гиёҳест, ки ҳар чӣ наздикаш бошад, ба он мепечад. Намудаш гуногун: сафед, сурх, зард ва бунафш аст. Тухмаш дар ғилофи сиёҳи моил ба сурхӣ ва қисме аз он бесамар мебошад. Биёраи ҳамаи навъҳои печак ширдор аст. Беҳтарини печакҳо қисми майдаи он аст. Мизоҷи навъи калони он мураккаб-ул-қувват, Ҷолинус дар дараҷаи дуввум сард ва хушк гуфтааст, вале табиб Юҳано бинни Мосавия гарм донистааст.

Сифати доругӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

• инро бихӯранд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дарунро мулоим мекунад, исҳол меоварад. Агар инро дар об биҷӯшонанд, қуввати гиреҳкушояш зиёда, вале дар овардани исҳол заиф мегардад бинобар он ки рутубатҳояш дар вақти ҷӯшондан таҳлил меёбанд. Аммо оби фишурдаи он акси ин хосиятро дорад. • Оби гиёҳи тару тозаи онро бо решаи савсани кӯҳӣ, натрун (танакори арманӣ) ва асал даромехта, дар бинӣ бирезанд, дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад. • Усораи онро, яъне оби гиёҳи тару тозаи онро дар офтоб ғафс гардонида, бо равғани зайтун даромехта чаконанд ва ё пахтаро ба он олонда дар гӯш гузоранд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва даруни онро аз чирк пок мегардонад. • Барги печаки калони навъи сафеди онро биёшоманд, дарди сар, бемориҳои узвҳои даруни сина ва шушро шифо мебахшад, инчунин гиреҳи ҷигарро мекушояд. Агар обашро бинӯшанд, сурфаеро, ки аз баста шудани дарун мегирифта бошад ва кулинҷи аз моддаи гарм баамаломадаро дафъ мекунад, сафрои сӯхтаро бо воситаи исҳол аз бадан меронад. • 10,5 грамм гулашро кӯфта бихӯранд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. • Барги тарашро бо сирко пухта гузошта банданд, дарди сипурзро дафъ мекунад. • Гули қисми печаки бесамарро бихӯранд ё кӯфтаи онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзро равон мегардонад. Агар онро сӯхта, занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз дудашро ба поёни шикам ва миёни пойҳои худ бигиранд, ҳомила шуданро манъ мекунад. • Баргашро кӯфта, бо асал сиришта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшударо равон мекунад. Бо оби баргаш занҳо андоми шарм ва даруни онро бишӯянд, бадбӯйии даруни бачадонро дафъ мекунад. • Оби барги тари печаки сафеди калонро бимоланд, варамҳои гарми буғумҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад. • Барги тари онро дар равған пухта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил ва дардҳоро таскин медиҳад, мондагиро дафъ месозад, вале нопухтаи онро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳои калон ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад. • Усораи онро, яъне оби онро, ки дар офтоб ғафс гардонда бошанд, бо мумравған сиришта гузошта банданд, низ сӯхтагии оташро сиҳат мекунад. • Қисми сиёҳи онро, яъне печаки гулаш бунафшро кӯфта гузошта банданд, захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад. • Барги қисми бесамари онро пухта гузошта банданд, ҷароҳатҳои бадфиол ва раддиро ба ҳам оварда, сиҳат мебахшад ва сӯхтагии оташро ба ибро меоварад. • Усораи печаки сиёҳро ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ мекунад. • Қисми печаки бесамарро кӯфта, бо шароб сиришта гузошта банданд, газидани ғундаро даво мешавад. Мизоҷи қисми ПЕЧАКИ КАЛОН, ки баргаш моил ба сиёҳӣ, дароз ва шахшӯл мебошад, хунук ва хушк аст. ХИСЛАТҲОИ ШИФОБАХШИ ОН: • агар инро бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина, сурфа, бемориҳои сипурз, кулинҷ ва табҳои кӯҳнаро шифо мебахшад. • 75 грамм оби гиёҳи тари онро бо 35 грамм гули сурх бихӯранд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад, қатъ мекунад. • Гиёҳи тари онро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, вале агар хушкашро кӯфта гузошта банданд, захмҳоро хушк ва захмҳои хабисаро дафъ мекунад. Ҳамаи навъҳои печак ҳангоми хӯрдан ба асаб, сар ва хичак зарар дорад. Давои ин намуди зарари он набот хӯрдан аст. Инчунин ҳомила шудани занонро ҳам манъ мекунад, ҳайзро низ қатъ месозад. Миқдори як бор нӯшидан аз оби он дар як рӯз аз 25 то 100 грамм аст ба шарте, ки онро наҷӯшонида бо набот биёшоманд. Мизоҷи ПЕЧАКҲОИ МАЙДА қариб монанди печаки калон аст, яъне мураккаб-ул-қувват мебошад.

Хоситҳои шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Хосиятҳои умумии ин: варамҳоро таҳлил медиҳад, моддаҳои ғафсро дар бадан равон (суюқ) мегардонад, инчунин бинобар часпанда будани таркибаш моддаҳои сафровиро бо исҳол аз бадан дафъ мекунад. Ин навъи печак назар ба ҳамаи қисмҳои дигараш солимтар ва форамтар аст. Агар онро бихӯранд, ҳамаи навъҳои сурфаро, ки бо хушкии дарун бошанд, дафъ мекунад ва инчунин кулинҷро, ки сабабаш моддаҳои гарм бошад, шифо мебахшад.
  • Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои пайвандҳои бадан ва ғайраро таҳлил медиҳад.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби ин гиёҳ дар як рӯз: 150 грамм бо 75 грамм набот бояд биёшоманд. Ба ҷойи ин оби барги гули хайрӣ ва оби тугмачагулро бинӯшанд, раво мебошад.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Чиннигул (Мухаллас)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]