Платон Воронко
Платон Воронко | |
|---|---|
| укр. Платон Микитович Воронько | |
| Таваллуд |
18 ноябр (1 декабр) 1913 |
| Даргузашт |
10 август 1988 (74 сол) |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | шоир |
| Жанр | long poem[d] |
| Забони осор | русӣ ва укройнӣ |
| Ҷоизаҳо | |
| Соядаст |
|
Плато́н Мики́тович Воронко́ (1 декабри 1913, деҳаи Черветчина, губ. Харков, ҳозира ноҳияи Ахтири вилояти Сума — 10 августи 1988, Киев) — шоири украинӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи роҳсозии Харков (1933). Бо роҳхати КМ ВЛКСМ ба Тоҷикистон омад ва дар сохтмони Вахшу Хуҷанд кор кард. Дар ҳамин ҷо шеърҳои нахустинашро иншо кардааст. Солҳои 1938-41 дар Институти адабии Маскав ба номи М. Горкий таҳсил кард. Муаллифи маҷмӯаҳои «Субҳ ба хайр» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1951), «Аз Маскав то Карпат» (1951), «Қарз» (1955), «Обхезӣ» (1971) ва ғ. Ашъори Платон Воронко асосан ба ҷавонон, муборизаи партизанҳои украинӣ, мубориза барои сулҳ, дӯстии халқҳо бахшида шудаанд. Дар баъзе шеърҳои Платон Воронко — «Сабақ» (1974), достонҳои «Тасвири нотамом» (1970) ва ғ. аз шаҳру навоҳӣ ва деҳоти Тоҷикистон ёдоварӣ шудаанд. Мас., дар достони «Тасвири нотамом» аз шаҳри Хуҷанди солҳои 30 сухан рафтааст. Қаҳрамони асоси ин достон мӯйсафеде ба номи Раҳмат мебошад, ки расми В. И. Ленинро кашидааст. Платон Воронко дар бораи амалҳои қаҳрамонони асарҳои худ ниҳоят самимӣ ва некдилона сухан рондааст. Платон Воронко баъзе шеърҳои шоири тоҷик Мирсаид Миршакарро ба забони украинӣ тарҷума кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воронко Платон Никитович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 1 декабр
- Зодагони соли 1913
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 10 август
- Даргузаштагони соли 1988
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Адибон аз рӯи алифбо