Jump to content

Пойамал (рақс)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пойамал (рақс) – – як навъ рақси анъанавии тоҷикон мебошад, ки онро занон иҷро мекунанд.

Номи унсур ва истилоҳоти дигар

[вироиш | вироиши манбаъ]

чархд-ед

Тавсифи мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пойамал рақси сӯгвориест, ки дар он ғаму андӯҳ, гиряи ниҳонию ноаён нисбати шахси фавтида ифода ёфтааст. Зан бо дастонаш ҳаракатҳои мавзун карда ва бо кафи дастон қарсак зада, давр меравад. Пойамалро хешовандони наздики марҳум одатан то баровардани майит иҷро мекунанд.Раққосаҳо пойлуч ва сарлуч, муйҳои нобофтаву пароканда, дар либоси мотамии рангаш сиёҳ, сафед ё гулдор, вале ҳатман куртаи кӯҳнаи нисфи болои пешаш дарида иҷро мекунанд.[1] Пойамал яке аз рақсҳои нодире, ки то ба имрӯз дар баъзе навоҳии Бадахшони Тоҷикистон иҷро мешавад. Пойамал дар ду мавриди маросими мотам иҷро мешавад. Вақте ки ягон шахс вафот кард, пас аз гузаронидани баъзе расму одатҳо шахси аз ҳама наздики марҳум – хоҳар ё модар бо мӯйҳои парешон, рӯяшро харошида, баъзеҳо ду тарафи рӯяшонро бо сиёҳии дег сиёҳ карда, таҳти дафзании гурӯҳи занҳо, ё мадҳияхонии ҳофизон дар атрофи майит рақс мекунанд. Баъзе хешҳои дигар ва ҳамсояҳо ҳамин рақсро дар пойгаҳи хонаи аҷдодӣ ба ҷо меоваранд. Мавриди дигар, баъди анҷом додани намози ҷаноза дар рӯйи ҳавлӣ (10-15 метр дуртар аз остонаи дарвоза) ҳангоми ба гӯристон бурдани тобут аз қафо, дар баъзе ҷойҳо пешопеши тобут, то ҷое, ки занҳо дигар аз қафои тобут нарафта, ба ғамхона бармегарданд, пойамал иҷро карда мешавад. Дар гузашта ин рақсро бештар мардҳо тоқӣ ва ҷомаи кӯҳнаро чаппа пӯшида ба ҷо меоварданд. Дар водии Бартанги Кӯҳистони Бадахшон имрӯз пойамал бо баъзе вижагиҳои қадимиаш боқӣ мондааст. Дар ин рақс ҳаракатҳо гуногунанд ва рамзу маънои ба худ хос доранд. Иҷрокунанда дастҳоро боло ба осмон бардошта, ба Худо муроҷиаткунон дар мобайни ҳавлӣ ба ду зону менишинад. Ӯ бо панҷаҳои кушода дастонашро ба боло, ба ҷониби осмон бардошта, ба Худованд муроҷиат мекунад, ки «Эй Худоҷон, рӯҳи ин майитро қабул намо». Сипас ба пеш хам шуда, бо кафи даст се бор ба замин мезанад. Ин амал маънои «Замин, бадани майитро қабул кун»-ро дорад. Ӯ сари зону истода баданро рост мекунад ва бо ду кафи даст се бор ба ду параи сараш мезанад. Дастҳоро бо пушти панҷааш дар камар гузошта, пойҳоро васеъ монда, пайкарашро чапу рост меҷунбонад. Ин ҳаракат маънои ғаму ғуссаи беандозаро инъикос мекунад. Ҳангоми бо пой ним давр задан дасти рости иҷрокунанда ба болои қалб ва дасти чап ба миён гузошта мешавад. Ин маънои онро дорад, ки «Дӯстон, дилам пурхун ва миёнам шикаста шуд». Дар лаҳзаи дигар дасти чап дар поёнтари қафаси сина, яъне ҷигар гузошта шуда, дасти ростро ба камар мегузорад. Дар ин амал низ шахси рақсанда аз ҷигари порапора ва камари шикастааш менолад. Ин рақс дар рӯзи дафни майит аз тарафи шахси наздики ӯ таҳти садои дафу рубоб иҷро мешавад. Чунончи, зани мусибатдор бо мӯйҳои ба сари китфу шонаҳояш парешон ва бо куртаи дарида бо як тамкинию мавзунии хосса ҳаракат карда, ҳар ду дастонашро якҷо чун раққос на боло аз камар ба тарафи чапу рост мегардонад. Хусусияти дигари рақси пойамал дар он аст, ки иҷрокунанда бо либосҳои куҳнаву дарида ва рухсораҳои сиёҳкарда онро иҷро менамояд. Аз рӯйи нақли гӯяндагон, солҳои пеш дар рақс баъзе ҳаракатҳои рӯйканию мӯйканӣ ва гиребонпоракунӣ вуҷуд доштаанд. Имрӯзҳо рамзи ғаму андӯҳ танҳо дар либос ва андоми шахси иҷрокунанда инъикос мегардад. Ҳамин тариқ, бо мадҳияхониву иҷрои пойамал ва дуову фотиҳаҳои халифаҳо майитро ба хонаи охираташ гусел мекунанд.[2]

Маҳалли густариш

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Адиб», 2015, с. 17
  2. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 38-39. – 280 с.