Jump to content

Муноҷот (рақс)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муноҷот (рақс) – рақси классикӣ

Тавсифи мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муноҷот – рақси классикӣ, мисли як қисми ҳамноми «Шашмақом» буда, аз ҷиҳати оҳанг бо он наздик аст. Ин рақс таҳти навои танбӯр ва доира ё ансамбли асбобҳои халқии мусиқӣ бешитоб, хиромон бо ҳаракатҳои дастҳои зебои маҳин иҷро мегардад. Рақси «Муноҷот» аз 3 қисм иборат буда, қисми аввал бо суръати суст, қисми дуюм тез ва қисми сеюм боз суст навохта мешавад. Рақс дар тую маъракаҳои оилавӣ, идҳои халқӣ, гаштакҳо, базмҳо аз тарафи занҳо ва мардҳо иҷро мегардад.[1][2][3]

Маҳалли густариш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вилояти Суғд, ноҳияи Шаҳринав, ноҳияи Турсунзода

Вазъи имрӯзаи унсур

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъол

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Адиб», 2015, с. 16
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354 с.
  3. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.