Портал:Зиндагинома/Мавзӯҳҳои Зиндагинома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Олимони барҷаста

Зиндагинома/Мавзӯҳҳои Зиндагинома

Исаак Нютон (англисӣ: Sir Isaac Newton) - олим, риёзидон, физикдон, файласуф, сиёсатмадор, профессори донишгоҳ, ситорашиноси бузурги инглис.

Зиндагинома[вироиши манбаъ]

Исаак Нютон 15 (25) декабри соли 1642 дар деҳаи Вулсторпи Линколншир Британиёи Кабир чашм ба дунёи рӯшан кушод. Оилаи Нютонҳо аз ҷумлаи фермерҳои миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Падараш то таваллуди ӯ аз ҷаҳони фонй рахти сафар баста буд. Модари Нютон аз вафоти шавҳар бисёр ғусса хӯрду пеш аз муҳлат Исаакро ба дунё овард, ки бисёр ҳам майдаҳаку логараку бемадор буд. Гумон доштанд, ки тифл оянда надорад. Аммо ӯ на танҳо зинда монд, балки то пирй зист ва дар тӯли умри бардавоми худ танҳо як маротиба ҷиддӣ бемор шуду халос. Вай аз ҳамсолонаш бо ҷисми солим фарқ мекард. Се соли аввал Исаак аз домани модар дур нарафт. Баъди он ки модар бори дуюм ба рӯҳонӣ Смит ба шавҳар баромад, тарбияи кӯдакро модаркалон ба зимма гирифт. Исаак аз хурдй ба бозичасозӣ ва сураткашӣ завқ дошт, дар танҳоӣ, дуртар аз ҳамсолон бодпарак, осиёби бодӣ, соатҳои обӣ ва аробачаҳои педалдор месохт. Вақте ки Исаак калонтар шуд, ба мактаби ибтидой ба хондан рафт. Пас аз 12- солагӣ таҳсилро дар мактаби Грантем идома бахшид. Исаак махсусан ба омӯзиши фанни математика шавқи беандоза дошт. 5 июни соли 1660 Нютон донишҷӯи донишгоҳи Кембриҷ шуд. Аз матнҳои сабтгаштаи ҳуҷҷатҳои соли 1661-и донишгоҳ маълум мешавад, ки ӯ аввалҳо « субсайзер» будааст. Он солҳо донишҷӯёни қашшоқро, ки музди таҳсилро пардохта наметавонистанд ва ҳам хизмати донишҷӯёни сарватмандро иҷро мекарданд, «субсайзер» меномиданд. Нютон танҳо соли 1664 донишҷӯи ҳақиқй шуд ва соли 1665 унвони бакалаври саноеи нафисаро мушарраф гашт. Вале нахустин таҷрибаҳои илмиаш ба таҳқиқи рӯшноӣ алоқаманд буданд.Соли 1666 дар Кембриҷ беморие cap зад ва онро вабо пиндошта бисёриҳо аз шаҳр фирор карданд. Нютон ҳам ба Вулсторпи дилписандаш баргашт ва кунҷи узлат ихтиёр намуд. Гоҳо дар боги хилват танҳо қадам мезад, бе китоб, бе асбобҳои таҷрибавй буду ин ҷавони 24 - сола соатҳо чун файласуфи солхӯрда ба баҳри андеша фурӯ мерафт. Ва андешаҳои ӯ самари шигифтангез ба бор оварданд. Вай қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф кард. Рӯзе аз рӯзҳои тобистон Нютон зери дарахти себ нишаста аз ҳавои серуни боғ лаззат бурда, ғарқи хаёл буд, ки ногоҳ себи пухтае аз шох ба замин афтода, риштаи андешаҳояшро барканд. Дар ривояте омада, ки себ ба фарқи сари олим бармехӯрад ва боиси кашфи қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ мегардад. Ин дарахтро, ки баъди чанд вақт шӯҳратёр гашт, солҳои зиёд барои ояндагон нигоҳ доштанд. Чун хушк шуд, аз он хараке сохта дар бог гузоштанд. Дар воқеъ кайҳо боз Нютон оид ба сабабҳои афтодани ҷисмҳо андеша меронд ва эҳтимол канда шуда ба сараш бархӯрдани себ якбора фикри ӯро рӯшан карда бошад. Аммо чанд сол баъдтар Нютон навишта буд, ки формулаи математикии қонуни ҷозибаи ҷаҳонро вай баъди омӯхтани қонунҳои оламшумули Кеплер эҷод намудааст. Соли 1669 Ниютон профессори донишггоҳ буду сарварии кафедраи математикаро ба душ дошт. Барои донишомӯзон лексия мехонд ва ҳам бо корҳои илмй шугл меварзид. Соли 1670 телескопи мувофиқтаре сохт барои мушоҳидаи ситораҳову сайёраҳо. Ҳамон сол ба узвияти Ҷамъияти подшоҳии Лондон пазируфта шуд. Соли 1673 оид ба парокандашавии шуоъ бо номи «Назарияи нави рӯшноӣ ва ранг» рисолаи илмие навишт, ки дар ин соҳа инқилоби илмиро ба вуҷуд овард. Минбаъд асарҳояш «Оптика» ва «Асосҳои математикии философияи натуралӣ» ба нашр расиданд. Вай нуқтаи назари олимони барҷаста Галилео Галилей, Иоган Кеплер ва дигаронро таквият бахшида, боз се қонуни ҳаракатро кашф намуда, дар илм гулгула барандохт. бештар...