Пётр Галперин
Таърихи таваллуд | 2 октябр 1902[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 25 март 1988[1] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | равоншиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | Doktor Nauk in Psychology[d] ва Doctor of Pedagogy Sciences[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Aleksei N. Leontiev[d] |
Шогирдон | Q21096998?, Nikolay Nechayev[d], Lyudmila Obukhova[d], Q21154201?, Yakov Ponomaryov[d] ва Q4519110? |
Ҷоизаҳо |
Галперин Пётр Яковлевич (2 октябри 1902, Тамбов — 25 марти 1988, Маскав) — равоншиноси машҳури рус, асосгузори консепсияи ташаккули зинавии амалҳои фикрӣ, доктори илмҳои равоншиносӣ (1965), профессор (1967), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШСФР (1980).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Университети тиббии Харков (1926). Солҳои 1926-41 корманди Академияи психоневрологии Харков, омӯзгори мактабҳои олии Харков ва Донеск буд, дар корҳои гурӯҳи равоншиносони Харков (А. Н. Леонтев, А. В. Запорожес, Л. И. Божович, П. И. Зинченко, В. И. Аснин) фаъолона ширкат дошт. Солҳои 1941-43 дар Артиши Сурх сардори қисми муолиҷавии ҳоспиталҳои тахлиявӣ буд. Дотсент, профессор (аз соли 1966), мудири кафедраи равоншиносии синнусолии факултаи равоншиносӣ (1971) ва аз соли 1983 профессор — мушовири Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов. Г. равандҳои рӯҳиёт (психика)-ро ҳамчун намуди махсуси фаъолияти тахминӣ баррасӣ намуда, зимни он хусусиятҳои азхуднамоии таҷрибаи ҷамъиятиро аз ҷониби кӯдак ошкор кардааст. Ӯ усулҳои ташхиси тафриқавии инкишофи ақлии кӯдакро кор карда баромада, дар баробари ин роҳҳои ислоҳкунии қафомониро дар азхудкунии дониш, маҳорат ва малака дар талабагон муайян кардааст. Таҳқиқоти Г. дар асарҳои ӯ «Натиҷаҳои асосии таҳқиқи масъалаи ташаккули амалҳои фикрӣ ва мафҳумҳо» (1965), «Психологияи тафаккур ва таълимот доир ба ташаккули амалҳои фикрӣ» (1970), «Муқаддимаи психология» (1975) инъикос ёфтаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Введение в психологию. М., 1976;
- Актуальние проблемы возрастной психологии. М., 1978;
- Методы обучения и умственное развитие ребёнка. М., 1985;
- Психология как объективная наука. М., 1995.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Педагоги и психологи мира (рус.) — 2012.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Слово об учителя. // Вопросы психологии. № 1, 1993;
- Степанова М. А. Проблемы обучения и развития в трудах Л. С. Выготского и П. Я. Гальперина. // Вопросы психологии. № 4, 2001;
- Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Галперин Пётр Яковлевич / Н. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 2 октябр
- Зодагони соли 1902
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 25 март
- Даргузаштагони соли 1988
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо