Пӯлод Ҳамроқулов
Пӯлод Ҳамроқулов | |
---|---|
Пӯлод Ҳамроқулов | |
Таърихи таваллуд: | 8 июл 1920 |
Зодгоҳ: | Конибодом ҶШС Тоҷикистон, СССР |
Тахрихи даргузашт: | 11 январ 1983 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | таърих |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Алма-матер: | Донишкадаи омӯзгории Сталинобод |
Ҷоизаҳо: |
Шаблон:Ордени «Ситораи Сурх», ![]() |
Пӯлод Ҳамроқулов — (08.07.1920, Конибодом — 11.01.1983, шаҳри Душанбе), олим, муаррих, номзади илмҳои таърих (1954), дотсент (1957).
Пӯлод Ҳамроқулов Донишкадаи омӯзгории Сталинобод (1949) ва Академияи илмҳои ҷамъиятии қазди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст. Омӯзгор, дастурдеҳи шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизби коммунистии н.Конибодом, шунавандаи мактаби ҳизбии ҷумҳуриявӣ (1946-1948), омӯзгори таърихи ҲКИШ дар мактаби ҳизбии ҷумҳуриявии назди КМ ҲК Тоҷикистон (1948-1950), аспиранти Академияи улуми ҷомеашиносӣ дар назди КМ ҲКИШ (1953), ҷонишини директор оид ба илми бахши тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ (1957), котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии ш. Сталинобод (1959). Директори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1959-1965), мудири кафедраи таърихи партияи ДТТ (1965-1982). Бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Нишони Фахрӣ» ва якчанд медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.
- Зодагони 8 июл
- Зодагони соли 1920
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Конибодом
- Даргузаштагони 11 январ
- Даргузаштагони соли 1983
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми таърих
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд