Jump to content

Расадхонаи Мароға

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Расадхонаи Мароға
Таърихи таъсис 1259
Нигора
Бунёнгузор Насируддини Тусӣ[1]
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Мароға
 Парвандаҳо дар Викианбор

Расадхонаи Мароға (форсӣ: رصدخانه مراغه‎) — аз машҳуртарин расадхонаҳои асри 13, ки дар шаҳри Мароғаи Эрон таҳти роҳбарии ахтаршиноси маъруфи эронӣ Насируддини Тӯсӣ (1201—1274) сохта шудааст.

Бино ба маълумоти тазкираҳои таърихӣ беш аз 50 нафар мунаҷҷимони маъруф, аз ҷумла Муинуддини Урдӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Наҷмуддини Қазвинӣ, Фахруддини Ихлотӣ, Фахруддини Мароғӣ, Яҳё ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Ҷамолуддини Бухороӣ дар Расадхонаи Мароға кор ва эҷод кардаанд.

Расадхона аз асбобу афзори он замона зотулҳалқа (кураи армиллярӣ), судси Фахрӣ (секстант), тарбеъ (квад­рант) дошт. Натиҷаҳои илмии Расадхонаи Мароға дар «Зиҷи элхонӣ» (ба номи Хулагухон, набераи Чингизхон) сабт шудааст. Осори илмии олимони мактаби илмии Мароға пояи рушди ахтаршиносии асрҳои минбаъда гардид.

  1. Berry A. A Short History of Astronomy (ингл.брит)London: John Murray, 1898.
  • Расадхонаи Мароға / X. Абдуллозода // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).