Jump to content

Рашид Абдулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рашид Абдулло
Рашид Абдулло
Таърихи таваллуд: 1910(1910)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 24 феврал 1938(1938-02-24)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: забони тоҷикӣ

Рашид Абдулло — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рашид Абдулло соли 1910 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Бародари Ғанӣ Абдулло. Соли 1932 факултаи филологияи Академияи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст. Ба ҳайси котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», мудири шуъбаи адабии чанде аз нашрияҳои ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи филмномаҳои Идораи киносозии Душанбе кор кардааст. Бо даъвати КМ ЛКСМ Тоҷикистон ба водии навободи Вахш рафта, дар мактабҳои деҳот муаллимӣ ва дар маъракаи барҳам задани бесаводӣ ҳиссагузорӣ кардааст. Рашид Абдулло 24 феврали соли 1938 аз олам чашм пӯшид.

Аз ибтидои солҳои сиюм ҳамчун шоири лирик ном баровардааст. Соли 1933 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон достони «Қодир»-и ӯ дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидааст, ки аз вазъи рӯзгор ва кору пайкори нахустин трактористони тоҷик ҳикоят мекунад. Соли 1935 бахшида ба фотеҳони водии Вахш силсилаи шеърҳо чоп кунонда, соли 1936 достони «Вахш»-ро пешниҳоди умум гардондааст. Чанд шеъраш ба русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ шеърҳои алоҳидаи Н.Ҳикмат ва М. Ю. Лермонтовро ба тоҷикӣ гардондааст. Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 20 ISBN 978-99947-2-379-9