Jump to content

Рашид Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рашид Раҳимов
Рашид Каримович Раҳимов
Таърихи таваллуд 4 май 1932(1932-05-04)
Таърихи даргузашт 13 июл 2020(2020-07-13) (88 сол)
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ

Раҳимов Рашид Каримович (4 майи 1932 — 13 июл 2020) — доктори илми иқтисодӣ (1968), профессор (1970). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти хоҷагии халқи Москва ба номи Г. В. Плехановро аз рӯи ихтисоси «иқтисоди саноат» хатм кардааст (1953). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёт, самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, масъалаҳои назариявии иқтисоди миллии Тоҷикистон. Ёвари ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1957—1958), мудири бахши саноати Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1958—1963), мудири Шуъбаи иқтисод АИ ҶШС Тоҷикистон (1963—1964), директори Институти иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1991 АИ ҶТ) (1964—1995). Директори Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (1995—1999), директори ифтихории Институти иқтисодиёти АИ Тоҷикистон (2000).

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с