Бозрасии давлатии автомобилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
кӯтоҳ: РБДА ВКД ҶТ
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардор полковники милиса Суҳроб Қурбонзода

Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) — шакли махсуси мақомоти идоракунӣ ва назорати давлатӣ, яке аз сохторҳои тобеъи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои вазоратро барои таҳияи пешниҳодҳо дар мавриди ташаккул ва татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат таъмин ва амалӣ менамояд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

БДА моҳи марти 1936 дар марказ ва маҳалҳо ба тобеъияти Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон амалӣ шуда, 3-юми июли ҳамон сол Шӯрои Комиссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Низомномаро «Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилӣ» тасдиқ намуд. Соли 1930 баъди ба ҷумҳурӣ ворид гаштани корвони аввалини автомобилҳо Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон барои ташкил намудани хадамоти миллии БДА қарор қабул кард.

Низомномаи Шуъбаи БДА-и Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ҶШС Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷ. 19 декабри 1963 ба тасвиб расида, бо фармони Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ҶШС Тоҷ. таҳти № 188 аз 27 июни 1964 эълон карда шуд. Моҳи ноябри 1967 Шӯрои Вазирони ИҶШС «Дар бораи рушди бехатарии ҳаракат дар шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва роҳҳои автомобилгард» қарори дахлдор қабул намуд, ки самти асосии фаъолияти БДА-ро оид ба пешгирии фалокатҳои нақлиёт дар роҳ муайян менамуд. Вазифаҳои нав дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар сохтор, шакл ва тарзи фаъолияти БДА тағйироти сифатан куллиро ворид намуд. Соли 1980 шуъбаи БДА-и ВКД Тоҷикистон ба Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон табдил дода шуд. Сараввал ба ҳайати он танҳо як хадамот – шуъбаи ташкили ҳаракат дар роҳ шомил буд. Соли 1981 иловатан бахши назорати техникӣ, гурӯҳи ташвиқоту тарғибот, бахши таҳлилу ҳисоботӣ ва бахши роҳбонӣ таъсис дода шуд. Ин тағйирот асоси воқеии тахассусии кори дастгоҳи марказии БДА-ро ташкил медод.

Бо мақсади хуб ба роҳ мондани танзими ҳаракат дар роҳ, қабул намудани маълумот оид ба хусусияти ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, ҷобаҷогузории аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои амудию уфуқӣ соли 1969 дар таркиби БДА идораи махсусгардонидашудаи васлу истифодабарӣ ва азнавсозии воситаҳои техникии танзими ҳаракат ташкил карда шуд. Ба ҳамин монанд идора моҳи январи 1973 аввал дар назди Ҳукумати ш. Душанбе, баъдан соли 1986 дар назди БДА ВКД Тоҷикистон ва соли 2005 дар назди Раёсати ВКД Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Вазифаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» (соли 1995) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали 1998 таҳти рақами № 55 Низомномаи БДА ВКД Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи Низомнома ба зиммаи БДА-и ВКД Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои зерин гузошта шудааст:

  1. Назорати давлатии риояи қоидаҳо, асноди зайли амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар асноди меъёрие, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои иштироккунандагони ҳаракат дар роҳро муқаррар мекунанд; қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо, иншооти роҳ, гузаргоҳҳои р. о. ва хатҳои нақлиёти барқии шаҳрӣ дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ; қоидаҳои дар ҳолати барои ҳаракат бехатар нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, иншооти роҳ ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан; қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо дар бобати гузоштан ва истифодабарии воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ; меъёр ва стандартҳое, ки талаботро ба сохтмон ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва ядакҳои таҳти истифода қарордоштаи онҳо дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист аз таъсири зараровари нақлиёти автомобилӣ муқаррар мекунанд; асноди меъёрие, ки ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳангоми аз нав таҷҳизонидани автомобилҳо, автобусҳо, ядаку нимядакҳо, мототсиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти муҳаррикдор, воситаҳои махсусгардонидашудаи нақлиёти автомобилӣ дар корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият менамоянд; асноди меъёрие, ки талаботро дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳангоми интиқоли борҳои вазнин, хавфнок ва калонҳаҷм муқаррар мекунанд.
  2. Қабули имтиҳонҳо оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва малакаи идора намудани воситаҳои нақлиёт, додани шаҳодатномаҳо дар бораи ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ.
  3. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳои онҳо, додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирию бақайдгирӣ ва нишонҳои рақамӣ ба воситаҳои нақлиёт ва ядакҳои бақайдгирифташуда.
  4. Ташкил ва доир намудани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ядакҳои онҳо.
  5. Танзими ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ ва системаҳои автоматиконидашуда, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҷойҳое, ки корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешаванд.
  6. Иштирок дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ.
  7. Якҷо бо дигар хадамоти корҳои дохилӣ иҷро намудани супориш ва дастурҳои муфаттиш оид ба ҷустуҷӯи ронандагоне, ки аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки дуздида бурда шудаанд.
  8. Тафтишот аз рӯйи парвандаҳо доир ба қонуншиканиҳои маъмурӣ мутобиқи қонун.
  9. Амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазир дар ҷойи рӯйдоди ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои берун баровардани одамон ва расондани ёрии аввалияи тиббӣ, ҳамчунин ёрӣ барои интиқоли воситаҳои нақлиёти осебдида ва ҳифзи амволе, ки дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт беназорат мондааст.
  10. Дар ҳудуди салоҳияти худ ва мутобиқи қонун ба роҳ мондани тафтишот аз рӯйи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар соҳаи ҳаракат дар роҳ содиршуда.
  11. Бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва чораҳои дар ин бобат андешидашуда, воситаҳои нақлиёти автомобилии бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифташуда.
  12. Омӯхтани шароити ҳаракат дар роҳ, андешидани тадбирҳо дар хусуси такмили ташкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, бо тартиби муқарраршуда ба мувофиқа расонидани лоиҳаҳои ташкили ҳаракат дар шаҳрҳо ва роҳҳои автомобилгард, барномаҳои тарбияи мутахассисон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ.
  13. Бо тартиби муқарраршуда анҷом додани мушояати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла дар асоси шартнома.
  14. Мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо, иншооти роҳ, хатти нақлиёти барқии шаҳрӣ дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баррасии масъалаҳои кушодани хатҳои сайри доимии нақлиёти истифодаи умум ва додани хулосаҳо доир ба онҳо.
  15. Ташреҳи қонунгузории дар соҳаи ҳаракат дар роҳ амалкунанда ба тавассути воситаҳои ахбори умум, маводди кино, видео ва дигар маводди нашаротӣ, инчунин нашрияҳои худӣ, доир намудани намоишу озмунҳо ва мусобиқаҳо, ҳамкорӣ дар ташкили таълими қоидаҳои ҳаракат ба шаҳрвандон.
  16. Якҷо бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои илмии манфиатдор таҳия намудани пешниҳодот дар мавриди баланд бардоштани дараҷаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ.
  17. Ошкор сохтани омилҳо ва шароите, ки сабаби рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар аъмоли ғайриқонунӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ мегарданд ва дар ҳудуди салоҳияти худ андешидани тадбирҳо дар бобати бартараф кардани онҳо.

Иҷрои талаботи шахсони мансабдори БДА ҳангоми дар сари адои вазифаҳои хидматӣ қарор доштани онҳо барои тамоми ашхос ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмист.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) / М. Саидов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.