Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
кӯтоҳ: ВКД ҶТ
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Тоҷикистон
пешинаи Комиссариати халқии корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон
Сарраёсати милитсияи Вазорати бехатарии давлатии ҶШС Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон
Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ҶШС То­ҷикистон
Вазорати корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири масъул Рамазон Раҳимзода
Сохтор
Дафтари марказӣ
Вебгоҳ vkd.tj

Вазорáти корҳóи дохили́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки тат­биқи сиёсати давлатиро дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дороии онҳоро таъмин менамояд. Фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикисон баҳри амалӣ гардондан ва мустаҳкам намудани қонуният, ҳифзи ҳуқуқ ва моликияти шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори милитсия дар саросари кишвар бо дарки талаботи замони муосир ва ҷомеа нигаронида шудааст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Даврони шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ташкили мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон давра ба давра сурат гирифта, дар ҳар минтақаи кишвар аз шароитҳои маҳал вобаста буд. Дар давраи аввал (1917–20) милитсия дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон (уезди Хуҷанд, шаҳру ноҳияҳои Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, ки ба ҳайати уезди Қӯқанд дохил буданд, ноҳияи Ашт, ки ба ҳайати уезди Намангони вилояти Фарғона дохил буд ва Панҷакенту Фалғар, ки ба ҳайати вилояти Самарқанди кишвари Туркистон шомил буд) ва дар Помир ташаккул ёфт. Дар давраи дуюм (1920–24) дар ҳудуди собиқ Бухорои Шарқӣ (минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) мақомоти милитсия созмон ёфта, дар тамоми ноҳияҳои Душанбе, вилоятҳои Кӯлоб, Ғарм ва Қӯрғонтеппа фаъолона амал мекард. Мақомоти милитсияи Тоҷикистон (ноҳияҳои шимоли он ва Помир ба ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Сотсиалистии (ҶХШС)Туркистон ва ноҳияҳои марказию ҷанубӣ ба ҳайати ҶХШ Бухоро дохил буданд) то гузаронидани тақсимоти ҳу­дудӣ-миллии Осиёи Миёна (1924) аллакай сохта шуда, ташаккули сохтори он идома дошт. Дар давраи сеюм (1924–29) Комиссариати халқии корҳои дохилии (КХКД) ҶМШС Тоҷикистон ташкил шуд, ки чорабиниҳои минбаъдаи ташкилию ҳуқуқии мустаҳкам намудани мақомо­ти милитсияро дар Тоҷикистон амалӣ намуд. Милитсияи Тоҷи­кис­тон дар ин давра сохтори ягонаи худро дар марказу маҳалҳо дошт. Ама­лиётҳои низомӣ дар сангар­ҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мубориза бар зидди босмачигарӣ ва афзоиши ҷино­яткорӣ вазифаю уҳдадориҳои милитсияро васеъ намуд. Ташкили милитсияи ихтиёрӣ ва мувақ­қатӣ, ки мубориза бар зидди ҷиноят­кориро такон дода, тартиботи ҷамъиятиро таъмин мекард, яке аз дастовард­ҳои ҳа­мин давра маҳсуб мешуд. Дар давраи чорум (1929–91) милитсияи тоҷик дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон ба мақо­моти муътамад, ҷангӣ ва неруи асосии муборизаи зидди ҷинояткорӣ мубаддал гашта, тартиботи ҷамъияти­ро шабу рӯз содиқона муҳофизат мекард, дар ҳалли вази­фаҳои бузурги хоҷагии халқ иштирок намуда, бо ҷиноят­ҳои иқ­тисодӣ ва мансабӣ муборизаи беамон бурда, дар татби­қи масъалаҳои иҷтимоӣ–сиёсии мамлакат саҳми беғар­азо­наи худро гузошт. Дар сол­ҳои ҶБВ (1941–45) вазифаи таъмини тартиботи ҷамъи­ятӣ ва мубориза бо ҷино­ят­кориро бошарафона иҷро кард; солҳои минбаъда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муборизаи зидди ҷино­ят­корӣ саҳми бузург гузошт.

Замони истиқлол[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраи панҷум (аз 1991) баъди ба даст овардани Истиқ­лолияти давлатӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба халқу Ватан содиқ монда, тамоми неруи худро баҳри барқарор намудан ва таҳким бахшидани сулҳу субот, оромӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон равона кард. Дар зарфи беш аз 22 соли Истиқололияти дав­латӣ мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз сохтори заифу қариб парокандашудаи он, баъди пошхӯрии сохти шӯравӣ, ба яке аз ниҳодҳои бузургу такягоҳи боэътимоди Истиқлоли ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар солҳои истиқ­лолият ВКД асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро куллан таҷдид намуда, ба озмоишҳои бузург рӯ ба рӯ гашт ва дар ҳама минтақаҳо ва лаҳзаҳо бо сари баланд аз онҳо гузашт.

Таҷдиди сохтории вазорат[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тӯли фаъолияти худ ВКД якчанд маротиба таҷдиди сохториро аз сар гузаронд: КХКД ҶХШС Туркистон (1917‒1924), КХКД ҶХШС Тоҷикистон (1924–1929); КХКД ҶШС Тоҷикистон (октябри 1929 – декабри 30); Сарраёсати милитсия ва кофтукови ҷиноятии назди Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКХ) ҶШС Тоҷикистон (1930–34); КХКД ҶШС Тоҷикистон (1934–1946); Сарраёсати милитсияи Вазорати бехатарии давлатии ҶШС Тоҷикистон (1949–56); Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶШС Тоҷикистон (1956–60); Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ҶШС То­ҷикистон (1960–68); ВКД ҶШС Тоҷикистон (1968 – 91); аз 1991 ВКД

Самтҳои фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти милитсия: ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кир­дор­ҳои ғайриқонунӣ; пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо; ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию дав­латӣ; таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ; ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд; ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ; дар доираи қонун­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондани таблиғоти ҳуқу­қӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар кор­хонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият; таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ; татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ; амалӣ намудани назорати муҳоҷи­рат дар доираи салоҳияти худ, танзими масъалаҳои будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд.

Мақомоти корҳои дохилиии Тоҷикистон дар тӯли фаъ олияти худ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, муҳо­физати молу амволи давлатӣ ва шахсӣ саҳми намоён гузошт; ҳайати шахсии он дар ҳама самтҳо ва набардҳо ҷон­бозиҳо карда, саҳифаҳои дурахшон ба ёдгор монд. Бо пош хӯрдани сохти шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳр­вандӣ ҷиноят ва ҷинояткорӣ доман паҳн карда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилиро мушкил гардонд. Вазифаҳои аз ҷониби давлат ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ гузошташуда низ тағйир ёфтанд. Дар сохтори ВКД раёсату воҳид ва хадамоти нав таъсис дода шуданд. Худи хусусияти ҷинояту ҷиноят­ко­рӣ низ дар ин солҳо тағйир ёфта, онҳо муташакилона, трансмиллӣ гардида, навъҳои нави ҷиноятҳо, аз қабили экстремизми динӣ, терроризм, қочоқи маводди мухаддир, хариду фурӯши одамон, қаллобии асъори қалбакӣ, вайрон кардани қоидаҳои убури сарҳадди давлатӣ, муҳо­ҷирати ғай­риқонунӣ ва ғ. дар замони муосир пайдо гаштаанд.

Мавҷудияти силоҳ боиси беса­ру­­сомониҳои зиёд дар ҷумҳу­рӣ гар­дид. Ба хотири гирифтани пеши роҳи онҳо аз 2 декабри 1994 Ам­ри Президенти кишвар «Дар бораи ба таври ихтиёрӣ супоридан ва мусодираи яроқи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳар­бӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қабул карда шуд ва иҷроиши он то имрӯз (2014) идома дорад. Дар ин муддат аз ҷониби ҷузъу томҳои ВКД дар қаламрави кишвар беш аз 34 ҳазор силоҳи гуногуни оташфишон мусодира ва садҳо гу­рӯҳ­ҳову дастаҳои ҷинояткори хавф­нок безарар гардонда шуд, ки ин боиси тадриҷан пастшавии ҷиноятҳо бо истифодаи яроқ гардид. ВКД танҳо дар соли 1997 барои безарар гар­донидани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятпеша, аз ҷум­ла гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди­давлатӣ, амалиётҳои махсуси минтақавӣ ва хусусияти маҳаллидошта гузаронд, ки дар натиҷаи он 260 гурӯҳи силоҳдору муташаккил бо 1300 нафар аъзоёнаш муайян ва барҳам дода шуданд. Ба туфайли меҳнати шабонарӯзӣ ва фаъолияти хуби сохтор­ҳои оперативии мақомоти кор­ҳои дохилӣ инчунин 45 гурӯҳи террористие, ки дар ҳу­дуди ҷумҳурӣ зидди ходимони давлатию ҷамъиятӣ, оли­мон, рӯзнома­нигорон ва дигарон амалҳои террористӣ содир карда буданд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ҷузъу томҳои ВКД дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайри­қонунии маводди мухаддир ва гурӯҳҳои ба он сарукордошта чорабиниҳои мушаххасро анҷом доданд; то ба им­рӯз даҳҳо тонна маводди мухаддир аз муомилот мусодира, фаъолиятҳои ҷинояткории марбут ба одамрабоӣ, ха­ри­дуфурӯши одамон, ноболиғон, истисмори занону кӯда­кон ошкор ва пешгирӣ карда шудаанд.

ВКД дар шароити кунунӣ дар самти мубориза бо ҷиноят­кории замони муосир фаъолияти худро созмон дода, бо ҳамкасбони хориҷии дуру наздики худ муносибатҳои гус турдаи ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст ва бо мақомоти корҳои дохилии ин кишварҳо беш аз 200 шартномаву созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳои муштараки мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, кофтукови ҷинояткорон ва таълиму тарбияи кормандонро дар амал татбиқ карда истодааст. Аз соли 2010 ин ҷониб тат­биқи «Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии То­ҷикистон барои солҳои 2013–2020» идома дорад.

Сохтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Дастгоҳи марказии ВКД
  • Дастгоҳи ВКД;
  • Раёсати нозиротӣ — ташкилӣ;
  • Раёсати амнияти дохилӣ;
  • Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ;
  • Раёсати молиявӣ-иқтисодӣ;
  • Раёсати кофтукови ҷиноятӣ;
  • Раёсати мубориза бар зидди ҷи­но­ятҳои муташаккил;
  • Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир;
  • Раёсати тафтишо­тӣ; Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ;
  • Раёсати ташхисӣ (криминалистӣ);
  • Сармаркази иттилоотӣ- таҳлилӣ;
  • Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ;
  • Бюрои марказии миллии «Интерпол»;
  • Раёсати таҳқиқ; Раёсати алоқа;
  • Хадамоти ши­носномавию бақайдгирӣ;
  • Хадамоти пешгирии ҳуқуқ­вай­ронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон;
  • Котибот;
  • Намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Сохторҳои тобеъи ВКД
  • Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ;
  • Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ;
  • Раё­сати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт;
  • Раёсати хадамоти давлатии «Муҳофиза»;
  • Раёсати таъминоти моддӣ — техникӣ ва низомӣ;
  • Дастаи таъйиноти махсуси милитсия;
  • Маркази таълимӣ;
  • Маркази хадамоти кинологӣ;
  • Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»;
  • Академияи ВКД;
  • Раёсати тиббӣ;
  • Муассисаи нақлиётӣ;
  • Раёсати сохтмони асосӣ;
  • Воҳиди махсус;
  • РВКД дар шаҳри Душанбе;
  • РВКД дар ВМКБ;
  • РВКД дар вилояти Суғд;
  • РВКД дар вилояти Хатлон;
  • РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт;
  • Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ.

Роҳбарони собиқи вазорат[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳбарони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон: Яр­мухаммедов А. (14.12.1924-1927); Поляев К. С. (1927—1932); Солонитсин А. Е. (1932—1934); Тарасюк С. А. (10. 7.1934-28.9.1937); Загвоздин Н. А. (28.9.1937- 9.2.1939); Остапенко П. Я. (5.3.1939-31.7.1939); Лапин М. П. (26.2.1941-31.7.1941); Коротков А. В. (31.7.1941-7.5. 1943); Харченко А. В. (7.5.1943-20.12.1950); Серебряков Б. П. (1951-16.3.1953); Вишневский Д. К. (16.3.1953-18.4.1954); Маҳкамов Б. (18.4.1954-23.11.1972); Абдул­ҳаков Н. (23.11.1972-17.1.1980); Қурбонов И. (25.1.1980-1986); Пӯ­лотов К. (1986—1989); Мамадаёз Навҷувонов (19.4.1989-20.11.1992); Имроншоев Г. (20.11.1992-25.11.1992); Ёқуб Салимов (25.11.1992-31.8.1995); Сайдамир Зуҳуров (31.8.1995-31.10.1996); Ҳомиддин Шарифов (31.10.1996-6.11.2006); Маҳмадназар Солеҳов (06.11.2006-2.2.2009); Абдураҳим Қаҳҳоров (2.2.2009-2012); Рамазон Раҳимзода (аз 2012).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • vkd.tj — вебгоҳи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)(англ.)

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.