Jump to content

Рақобати бевиҷдонона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рақобати бевиҷдонона - амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба дигар субъектҳои хоҷагидор - рақибон зарар мерасонад ва обрӯи кории онҳоро паст мегардонад (6.1 зербанди 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» аз 29 ноябри соли 2000). Чунин амал имкон дорад бо роҳҳои гуногун сурат гирад, аз ҷумла паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ, таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегардад ё ба обрӯи кориашон зиён мерасонад, ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷойи истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифати мол, муқоисаи беназокатонаи молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъекти хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ), дастрас кардан, истифода бурдан, ошкор намудани ахбори илмию техникӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумла сирри тиҷоратӣ бе иҷозати соҳиби он, истифодаи худсаронаи аломатҳои мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидории дигар, ки имкон дорад рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон ҷудо кунад, дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, пешниҳоди имтиёзҳои мухталифи моддӣ ба коркунони ташкилотҳои рақиб бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рақобат

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393